Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳофизони ин шаҳри калон гашта буд. Ҳунари сарояндагии Умар Ҳофиз ирсӣ буд. Падараш сари ҳофизони хони Қӯқанд Худоёр ба ҳисоб мерафт. Ин ҳам як таърихи хеле аҷиб дорад.

Ҳамин тавр, Ҳофиз бо номи Зебопарӣ машҳур гашта, то он дараҷае, ки мардум номи аслии ӯро фаромӯш карданд.
Мегӯянд, ки ба ивази хизматҳои Ҳофиз Худоёрхон деҳқонони Қалъачаи мазорро аз андозаи об озод карда буданд.

Ибни Ямин аз рӯи маслиҳати устодони тошкандӣ, таълими Умар Ҳофизро ҳам гирифт. Навозиши Ибни Ямин ба ҳофизи машҳур писанд наомад.

  • Марома вайрон кардӣ. Тез-тез нохун назан. Анна ин тавр зан, ла-а-ан-ла-а-ан, ла-а-ан-ла-а-ан. Сонӣ ла-а-ла, ла-а-ла. Ана ҳамин тавр, аз ёд набарор. Мусиқӣ бояд дилро ором диҳад.
    Ту ин патар-патари беҳударо як тараф мон, ин сози бемароми ту додзании мурғи сарзадагӣ барин гӯшро мехарошад. Охир ту дар маҳфили одамони калонсол, уламо, бисёр мешинӣ. Дили ин мардум бисёр ҳам нозук аст, фаҳмидӣ? Умуман, ба дили инсон чӣ мефорад? Сухани хуш, овози форам, садои форам, дилро навозиш карда, роҳату фарогат мебахшад.

Ин даргоҳи Умар Ҳофиз якумр дар ёди Ибни Ямин мондааст. Шукри толеи созгори худ мекунад, ки бо ин мардони шариф таровату ошноӣ дошт, аз онҳо сабақ омӯхт. Мусиқидонӣ дар ҳаёти қариб якасра борҳо балогардони ӯ шуданд. Аз марг наҷот дод. Рӯзҳое шуд, ки ягона мӯниси Ибни Ямин танҳо танбӯр буд ва ҳамин танбӯр сабаб гашт, ки душмани қаттолаш ҳам дӯсти ҳақиқӣ гаштанд.

Майлу рағбати беандозаи ҷавон ба мусиқӣ баъди сафари Тошканд ва сабақҳои Умар Ҳофиз бештар гашт. Рӯз аз рӯз соҳибшӯҳрат мегашту зуд-зуд ба суру маҳракаҳо мехонданд.
Ҳар ҷо, ки Ибни Ямин бо дутору танбӯри худ меомад, одамон бо хабару бехабар ин ҷо ҳозир мешуданд. Хусусан, занону духтарон ҳаваси шунидану дидани ин мутриби ҷавон доштанд.
Баъди ин гуна ном баровардани писар, падар мушавашхотир гашт ва ӯро манъ кард, ки дар суру маҳракаҳо ҳунар нанамояд.

пешина
аз 385
навбатӣ