Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
ба ҳаққи гузаштагон, пирон, аҷдодон, падару бобоён ва модарому наздикони ин шермардон, фарзандонаш, имрӯза ва ояндаи некашон дуои дарозу ба шира хонд.
О, Худовандро, нигоҳ дорӣ қазоро, Баҳоваддин бигардонӣ балоро.
Ба ҳаққи ду гесӯи Муҳаммад (с) Барори ҷумла ҳоҷатҳои моро.
Пайхас кард, ки рафтору гуфтораш бетаъсир нестанд. Саркардаҳои дуздон ба якдигар маънидорона менигаранд. Ба онҳо фурсат надода, лаҷоми суханро ба даст гирифт:
- Ман дар назди шумо хӯҷаинҳо хас ҳам нестам, лекин дар синну сол калонтар мебошам. Сонӣ мебинам, ки то меҳмон даст ба нон набарад, чизе ба даҳон намегиред. Канӣ биёред, он чӣ доред, ин дунёи дурӯза дар як мижжа задан гузашта меравад, дам ғанимат, одам ғанимат. Имрӯз, ки аҷал амон додааст, дами беғам занем, фардо чӣ мешавад, фардо чӣ, баъди ним соат ба сари мо чӣ меояд, касе аз мо намедонад. Канӣ резед аз ҳамон доруи ақлу хирад. Ба саломатии сари шумоён, фарзандон, мардони мардон, кушоиши коратон, осоиши рӯзгоратон мебардорем. Илоҳо, ба пои ҳеҷ кадоми шумо хорӣ назанад, он чӣ дар дил доред, ҳосил шавад, омин!
Ин суханҳо ба дили дуздон роҳ ёфтанд, ки лабҳояшон майли табассум гардид. Май ҳамаро дилнарму саргарм сохт.
Хомӯшии гарон аз миён бардошта шуд. Суханҳои ҳазломез, садои хандаю шӯхӣ ба фазои кулбаи назарногир печид. Дар ин базми ҷамшедӣ ҳама чиз ҳаст, лекин як чиз намерасид.
Мусофир бо сухани худ ҳамаро водор намуд, ки хомӯш монда ба даҳони ӯ нигаранд, ки чӣ мегӯянд. Нишасти шоҳона, хони пурнозу неъмат, боз чӣ камбудие доштанд?
- Ман намедонистам, ки бо шумо ҷавонмардони асилу наҷиб вомехӯрам, вагарна танбӯри худро ҳамроҳ мегирифтам, дилхушӣ мекардем. Агар хӯҷаин мефармуданду аз дӯкон танбӯри маро меоварданд, базмро метасфондем.
Хӯҷаин як ишора карду дутор ва танбӯр ҳозир шуд ва меҳмон хурсандиашро пинҳон надошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор