Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

пуршафқату беҳамто хонда, шарафёб гардонидааст. Аз замин то осмон сарафрому миннатдор мебошад. Аз тақозои замона «заҳрро гуфтам намак, ҳаворо гуфтам тағою хирсро гуфтам амак». Суханҳои нарму хуш, чеҳраи гарми накӯю нуронӣ шояд таъсир дошт, ки аз оташхонаи ғазаб дигар тир беист намеборид, пахта дами табарро гирифт.

  • Савдо чӣ хел? Бор ба фурӯш рафт?

  • Эҳ, не! Савдо аз ин беҳтар намешавад. Бор фардо, пасфардо Худо хоҳад туман мешавад, хӯҷаин. Иҷозат шавад, ба шаҳрамон бармегардам.

  • Борро овардед, ба пул зада, ба миён маҳкам бастеду акнун иҷозат мепурсед.

  • Омадан ба иродат, рафтан ба иҷозат, гуфтанд машоихҳо. Ман рӯзи якум ба раиси бозор аз омаданам, бори овардаам, арз карда, ҳамеша бо изну рухсати он кас кор карда истодаам.

  • Шумо ҳоло намедонед, ки раис кист? - Шӯрид хӯҷаин.

  • Хӯҷаин ин ҷо нишастаанд, - гап ҳамроҳ кард ишкамкалоне, ки дар паҳлӯи хӯҷаин якпаҳлӯ зада менишаст.

Хӯҷаин ба ишкамкалон теғи нигоҳ кашиду ӯ дигар ҳарфе назада, пойҳояшро танбалона ғундошт.

  • Албатта-албатта, андак нодонӣ шудааст, - гуфт мусофир. - Акнун дониста кор мекунем-дия. Ин кӯтоҳии моро бубахшед.

Мусофир ба ёд овард, ки ҳамон рӯзи якуми ба ин шуғл омада расидан, ҳамшаҳриаш Ёдгорбой бо ӯ вохӯрд, ӯ таъкид дошт:

  • Домулло, акнун, омадед, чӣ ҳам мегӯям. Инҷо дуздхона, одами гандаю нобобаш бисёр будааст. Эҳтиёт шавед. Ман як илоҷ карда мегурезам.

То ҳамин рӯз домулло чизеро пай набурд, ки боиси ташвишу хотирпарешонӣ мешуда бошад. Раиси бозору кормандонаш ҳамеша бо ӯ буданд, пурсону ҷӯё ва меҳрубон буданд. Воқеаи имрӯза чунин ғайричашмдошт, ногаҳонӣ сурат гирифт, ки бехабар дар ғафлат монд. Гӯё дар авҷи баҳори сабзу хуррам ба сараш барфи бемаҳал борид. Ҳа, дами сайёди моҳир ана ҳамин тавр ноаёну якбора шикорро ба банд меафтонад.

пешина
аз 385
навбатӣ