Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

"ТАВСИЯНОМА

Рафиқ Исомаддинов Ибнияминро ман ҳанӯз аз соли 1925 ҳангоми кори якҷоя дар Назорати маорифи халқи Тоҷикистон мешиносам. Вай сартарбиятгари сотсиалистӣ, мудири интернати Душанбе, мудири маорифи халқи вилояти Кӯлоб ва дар дигар вазифаҳои масъулиятнок кор карда, фаъолияти зиёд нишон дод. Дар мустаҳкам намудан ва инкишоф додани маорифи халқ саҳми калон гузошт. Бар замми софдилона ба ҷо овардани вазифаи бевоситаи худ ӯ дар маъракаҳои сиёсию хоҷагӣ, ривоҷу мустаҳкамии совети қишлоқҳо, кори рӯзномаҳои маҳаллию республикавӣ фаъолона ширкат меварзид.

Аъзои собиқи коллегияи назорати маорифи халқ К.Дайламӣ, 17 ноябри соли 1963..."

"ШАҲОДАТНОМА

Мо, Ш.Ҳусайнзода, Х.Каримов-дотсентони ДДТ ба номи В.И. Ленин рафиқ Исомадинов Ибнияминро ҳамчун муборизи фаъоли ҳокимияти советӣ дар Исфара, партизани сурх мешиносем..."

Чунин сатрҳо ба мӯйсафед нерӯ ва рӯҳи тоза мебахшид ва ниҳоят ба мақсад расид. 30 майи соли 1989 аз Прокуратураи СССР бо мазмуни зер номае омад:

"МӮҲТАРАМ ИБНИЯМИН!

Аризаи ба КМ КПСС роҳӣ намудаи Шумо дар Прокуратураи СССР дида баромада шуд. Муқаррар гардид, ки шумо 22 августи соли 1934 аз тарафи ҳайати судии Суди Олии РСС Тоҷикистон гӯё барои сӯистеъмол аз мансаб бе ягон асос ҳукм гирифтаед.

Бо қарори президиуми Суди Олии РСС Тоҷикистон аз 21 апрели соли 1989 ҳукми ба шумо додашуда бекор ва кори ҷиноятӣ қатъ карда шуд..."

Мӯйсафед акнун қомати зери бори гарони солҳо ҳамнахӯрдаи худро бо ғурур болотар бардошта ба фарзандонаш мегӯяд: Дигар мову шумо ҳеҷ гоҳ забонкӯтоҳ аз касе нестем.

пешина
аз 385
навбатӣ