Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
"Мурдаи шавҳарат дар ҳабсхона пӯсида рафт" гӯён таъзиқу зӯроварӣ мекарданд. Ҷӯрахон ном шахси нокасу непок ва бадтинат қонуни давлат ва дини мусулмониро поймол карда, зани аз шавҳар набаромадаро ба занӣ мегирад.
Зан саргузашти талху пурандӯҳи худро як ба як ҳикоя мекарду даст ба пешонӣ мезад, ки хиёнат кардааст. Марг беҳ аз чунин ҳаёт! Шавҳари гул дар замонаш пуртаровати ҳаёташро, ки душманон поймолу паҷмурда кардаанд, дида дарун-дарун месӯхту бехуд мешуд. Қуввату маҷоле ёфта занро тасалло дод. Ягона писарчаи зиндамондааш Баширхонро ҳамроҳ гирифта, зодгоҳашро тарк гуфт. Ба қавли худаш ба ҷои ӯ касе аз илму адабиёт бехабаре мебуд, албатта тарки дунё мекард. Муддате дар Қирғизистон ҳаёти дарвешона ба сар бурд. Рӯзона мардикорӣ мекарду шабона бо шеъру суруд ғами дилро сабук мекард. Ягона танбӯри падараш сохта тасодуфан ба дасташ даромад.
Ҳоло нолаҳои он ба садои қалби пурандӯҳи ӯ ҷӯр шуда, ғуссаю ғубори дилашро оҳиста-оҳиста мебаровард. Гардиши айёму таърихи оламу одамро мулоҳиза карда дармеёфт, ки рӯзе албатта ҳақ ба ҳақдор мерасад. Қариб шаст сол сабру қаноат, бардошт пеша кард. Дар ботинаш шӯълаи умед ба зиндагӣ хомӯш нашуд. Ба Исфара баргашта дар ташкилотҳои гуногун хоҷагидору муҳосиб шуд. Ҳамсари муносиб ёфта, боз шаш нафар фарзанд дид, онҳоро ба воя расонд. Соҳиби касбу маълумот гардонд.
Дареги замонаи носозгор, дареги кӯрдилии мансабдорони давр, ки ба чунин шахси соҳибмаърифат, сухандон, санъатпарвар, кори муносибу шуғли арзандае ёфт нашуд. Шояд ҳамон тамғаи сиёҳи ба ӯ зуран часпонидаи "душмани халқ", "думи Нусратулло Махсум" дар тӯли даҳсолаҳо ҳама дару дарвозаҳоро ба рӯи ӯ мебаст? Агар танбӯри ҳаштодослаи ӯ замоне хомӯш монад, панду ҳикматҳое, ки фаровон медонаду калиди асрорашон дар дасташ аст, бо мурури вақт фаромӯш гардад магар аламовар нест?
Дар дасти мо як ҷузъдон аризаю ҳуҷҷатҳои бобои Ибниямин. Баъзе ин шаҳодатномаю маълумотномаҳои бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор