Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

маҳаллии он (хонда шавад масъулини соҳаи нақлиёти вилояти Суғд) ба ду пули пучак баробар карданд.

Ҳама ин дарҳаму барҳамиҳое буд, ки ҳар шоҳидро метавонад ба кӯи нофаҳмиҳо барад. Аз ин рӯ, боз санаи 18 сентябри соли 2009 тибқи супориши вазир, ки қаблан борҳо таъкид карда буд, мӯҳтарам ҷаноби Худоёров ба Исфара ташриф оварданд. Боз маҷлис сар шуд. Раисикунанда худи Худоёров, котиб А. Аҳроров, бо иштироки сардори шӯъбаи бехатарӣ дар нақлиёти вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ Қ. Саидов, муовини раиси шаҳри Абдурофиев, сардори шӯъбаи ХДНТ Ҳоҷиев ва чор ҷамъияти нақлиётии шаҳри Исфара.

Дар маҷлиси якҷоя ҳама бо навбат сухан карданд. Ин ҷо мушоҳида намудам, ки муовини вазир ба дасисаҳои масъулони ҳукумати вилояту ноҳия дода шудааст. Зеро ӯ ин бор маро гӯш кардан нахост, баръакс "арзу дод"-и ҳарифони маро бо ҷону дил гӯш кард. Аҷабам омад, ки ӯ ин дафъа муқобили имзои қаблии худаш кор карду ҷаласаро хулосабандӣ намуд.

Ман баръало дидам, ки ӯ ҷонибдори ҳарифони ман аст. Тарафдорияшро ман қаблан низ пеш аз омадани Худоёров аз даҳони ҳарифонам шунида будам, ки онҳо ҳанӯз пеш аз омадани Худоёров ба шаҳри Исфара табли шодӣ мезаданд. Ин маънои онро дошт, ки се ҷамъияти рақибони ман ва масъулини бахши нақлиёти ҳукумати вилоят бо Худоёров забони як доранд. Маҷлис бо вуҷуди он ки моҳи шарифи Рамазон буд, то соати 23:00-и шаб идома ёфт.

Аммо Худоёров...

пешина
аз 385
навбатӣ