Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Ту додӣ ину онам ҳам нигаҳ дор.
Чу дар бандад даре аз хоку хиштам.
Даре бикшой дар гӯр аз биҳиштам.
Аз ҳаяҷон намедонистам, ки боз чӣ гӯям, бо чӣ сӯҳбате рӯҳи ин авлиёи барҳақ, вориси Расули Худо, ин баҳри вафову кони сафо, ин орифи ошиқ, ин омили коргоҳи ҳидоят, ин комили боргоҳи иноят, ин муфтии асрори Илоҳиро шод кунам. Гӯё забони сӯҳбати ман баста гардид.
Ба тиҳигоҳ гузашта аввал намози шукрона, баъд ду ракъат қасри фарзи намози пешинро хонда ба рӯҳи поки ин пири хирад порае аз ояти каломи раббонӣ қироат кардам. Ҳамеша ҳангоми бахшидани ояте ба арвоҳи гузаштагон одате дорам, ки пеши чашмонам симои нуронии бузургон ва ё модарон таҷассум мешавад. Анқариб филми ҳазрати Марямро дида будам, ки дар он пирамарди нуроние нақши Закариё (а)-ро мебозид. Ман чеҳраи ин марди нурониро низ, дар сари қабри Шайх Аттор дидам. Як тарафи дилам гувоҳӣ медод, ки шояд ҳамин марди нуронӣ худи Шайх Аттор бошанд. Баъд аз дую фотиҳа чун ба берун баромадам марде, ки масъули ҷо ба ҷогузории кафшҳо буд, ба ман хитоб кард:
-Шуморо Шайх Аттор хеле дӯст медоштаанд, зеро ягон нафарро дар танҳоӣ қабул накарда буданд. Бори аввал аст, ки аз зоирин танҳо шуморо дар алоҳидагӣ пазирой карданд. Дидам, ки чашмони устод Сарвқадӣ аз касири гиря варамида буд. Ӯ сари маро бародарвор сила зад ва аз дастам бӯса карду ҳамоно гиряаш идома дошт.
Пас аз фурсати тамошои саҳни ҳавлии зиёратгоҳи Шайх ва тановули хӯроки пешин бо раҳнамоии устод Сарвқадӣ ба зиёратгоҳи ҳазрати Хайём омадем. Вақте ба саҳни ҳавлии зиёратгоҳи Хайём расидем, манзараи аҷибе пеши рӯямон меистод. Аз дур мақбараи Хайёмро ба шакли ангуштҳои ба ҳам бархӯрдаи ду кафи дастро шабеҳ дидам. Дар саҳни ҳавлӣ дарахтҳои азимҷуссаи бисёрсола, гулҳои рангоранги ба девор часпида ва дигар аҷоиботи олами наботот ба ҳусни зиёратгоҳ ҳусни дигаре зам мекард. Зиёраткунандагони зиёд ба чашм

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо