Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
шинос будани ин ҷойҳоро боз аз хобам пеши назар овардам.
- Устоди азиз, боз айбам накунед, - бо камоли шарм иброз доштам, - ин ҷоро ҳам дар хобам зиёрат кардаам, - гуфтам.
Устод якбора аз роҳрав боз истоданд ва хитоб карданд:
- Канӣ нақл кунед, чӣ хоб дидед?
Чашмонамро ғайриихтиёр пӯшидам, андаке нафаси чуқур кашидам, аҳён-аҳён хобам пароканда бошад ҳам, ба ёдам омад, нақл кардам:
- Сохти марқади Шайх Аттор сар ба қибла буда, дар тарафи сар тахтасанги сиёҳе қарор дорад, ки дар он таърихи Шайх ҳаккокӣ шудааст. Байни сангу қабр фосилаи ду оринҷ тиҳигоҳ аст, ки дар он тиҳигоҳ ман намоз хондаам, - инро гуфтаму чашмамро кушода ба рӯи устод синча карда назар дӯхтам.
Устод "бале, бале" - гӯён нақли маро тасдиқ карданд, пайхас кардам, ки аз каромоти хоби ман овозашон меларзид. Як лаҳза шах шуданд, дар чашмонашон ашк пайдо шуд.
- Худоё, айнан ҳамин тавр аст, чӣ саховати бузурги Шайх, ки қаблан рӯҳашон шуморо меҳмон кардааст, - гуфтанд бо овози шикаста ва ҳамоно ашк аз чашмонашон ҷорӣ гашт.
Ба ҳуш омадам, қадамамро тезтар пеш гузоштам, то ки ба зиёратгоҳ расам. Устод ҳам ҳамқадами ман хомӯш ва андешамандона қадам гузоштанд. Чун ба бинои оромгоҳ расидем, тӯдаи зиёда аз 10-15 нафараи зоирин аз ҳуҷраи оромгоҳ берун шуданд. Дар даромадгоҳи ҳуҷраи оромгоҳ аз тарафи дасти рост барои пойафзолгузорӣ рафчаҳои тахтагин гузошта шуда буд. Марди пире дар хизмати ҷобаҷогузории кафшҳо масъул будааст.
Аз рӯи эҳтиром аввал устодро барои ворид шудан бо ишораи дастам марҳамат гуфтам.
-На-на, шумо меҳмони Шайх ҳастед, бояд шумо дароед, ибодат кунед ман дар берун мунтазир мешавам,-гӯён бо табассуми зӯраки, ки ҳоло ҳам ашк аз чашмонашон равон буд, худро канор гирифтанд. Чун вориди ҳуҷраи Шайх гаштам айнан хоби дидаамро дар воқеият дидам. Ҳуҷра хеле дилпазир оро дода шудааст. Тарзи ороиш бӯи ниёгон дошт. Болои қабр санги

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо