Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Бобоҷонов даромадам. Ӯ ҳам ба муроҷиати ман тамоман эътибор надоду гӯшашро ба карӣ андохт. Дар дилам ваҳм зиёдтар гашт, зеро ҷавоби он занги телефонӣ, ки шояд яке аз узвҳои ин комиссия маро бесабаб ҳақорат доду таҳдид карда буд, ба ёдам омад. Умуман ин лаҳза намедонам ташхис бидиҳам, ки бо ман чӣ шуда истодааст. Бо аламу бидуни ягон таҳлил рост ба назди сардори ШКД рафтам. Бо ҳаяҷону асабоният ба ҷое рафтам, ки Шӯъбаи корҳои дохилӣ неву Раёсати корҳои дохилии вилоят будааст.

Аввал хостам, қафо гардам. Аммо "ҳар чӣ пеш ояд, хуш ояд" гуфтаму ба қабулгоҳи сардори Раёсат ворид шудам. Хушбахтона сардори РКД Раҳимҷонов А. қабулам кард, арзамро шунид ва фавран ба ИНХ корманди раёсат Ғафуров, ки мулаққаб бо исми "Домулло" будааст, фиристод, то маълум намояд, ки он гурӯҳҳо дар он ҷо вуҷуд доранд ё не.

Дар мӯҳлати кӯтоҳ он фиристода аз ҷои воқеа омада, ба сардораш иттилоъ дод, ки дар ҳақиқат маълумот ва арзи ман ҳақ аст.

Сардор Раҳимҷонов андак хомӯш шуду чизе нагуфт. Андешамандона хомӯшии ӯ хеле тӯл кашид. Баъдан ба худ омаду маслиҳат дод, ки аризае бинависам. Ҳамин тавр ҳам кардам. Бо маслиҳати сардор оиди ин воқеа ариза навиштам.

Аз РКД баромадаму раҳ сӯи шӯъбаи Агентии давлатии зиддимонополӣ ва ҳимояи соҳибкорон гирифтам. Ба сардори ин шӯъба Баҳоваддинов низ вазъи пешомадаро баён доштам. Ӯ низ тақозо кард, ки аризае иншо намоям. Худи ҳамон ҷо ариза навиштаму супоридам. Баҳоваддинов ин масъаларо ба мутахассиси ҷавон Машарипов барои баррасӣ вогузор намуд. Дар бобати рафтору кирдор ва худкомагиҳои Машарипов сониян дар рафти воқеа ҳикояи муфассал меорем.

Аз шӯъба берун шудаму дар роҳ ғарқи андешаҳои худ мерафтаму пайхас кардам, ки аз қафоям касе меояд. Зоҳиран ман қадаммониҳои пайгиронаро пеш аз вурудам ба РКД низ пайхас карда будам. То рафт шарфаи пой ба ман наздик шуд. Голибан мақсаде доштааст, ки ба паҳлӯям гузашт. Ман низ

пешина
аз 385
навбатӣ