Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
китоби "Кимиёи саодат" будам. Овози мардеро аз дами дарвоза шунида берун баромадам. Марди қоматдори тахминан 50-солаи ришсиёҳ паси дар меистод. Бо ман гарму ҷӯшон ҳолпурсӣ карду худро муаррифӣ намуд, ки раиси бахши вилоятии ҲНИТ Эшони Шамсиддинхон будааст. Ҳини сӯҳбат аз гуфтор дарк кардам, ки ин шахс меҳмон аз ноҳияи Мастчоҳ ё Айнӣ аст. Зеро тарзи гуфтору лаҳни суханронияш ба кӯҳистониҳои Зарафшон шабоҳат дошт. Меҳмонро тибқи одобу анъана ба хона даъват кардам, аммо он шахс рад карда, як варақае ба ман супорид, ки хонам. Аз гуфтаи Эшони Шамсиддинхон ва аз қоғази дароз кардааш дарак ёфтам, ки маро ба кор — ба бахши шӯъбаи вилоятии ҲНИТ ба ҳайси сарварии бонувон ба кор даъват кардаанд.
Ростӣ, ин даъватро ҳаргиз интизор набудам. Вале медонистам, ки дар оғози соли 2000 дар анҷумани ҲНИТ, бо вуҷуди набудани ман маро узви Раёсати Олии ҲНИТ интихоб кардаанд. Ин лаҳза бори дигар ба меҳрубониҳои Худованд қоил гаштам, ки маро дар лаҳзаҳои хеле рӯҳу дилшикаста фаромӯш накардааст, маро ин қадар қадр карда будааст, ки бо боварӣ сарварии бонувони ҲНИТ-ро дар вилояти Суғд ба зиммаам гузоштанд.
Аз Эшони Шамсиддинхон дархост кардам, ки ба номи мудири маорифи шаҳрамон Ҳ. Тӯхтаев аз номи маъмурияти ҲНИТ дархостномае зарур аст, ки бояд ман тибқи қонун бо ризогии Сардори маориф бо таври гузариш ба кори ҲНИТ бипайвандам. Ниҳоят рӯзи 01.05.2000 дар асоси мактуби дархостии ҲНИТ ва ризоияти мудири маориф ман ба кор ба ҲНИТ гузаштам.
Ин буд қадамҳои нахусти ман ба арсаи сиёсат. Дар муҳлати
се соли фаъолият дар ҲНИТ бо ҳамдастии ҳамешагии Эшони
Шамсиддинхон баъд аз заҳматҳои се-чор моҳина бахши
вилоятии ҳизб бо кадрҳо мукаммал гашт. Дар 14 ноҳия
шӯъбаҳои ибтидоӣ кушодам. Конфронсҳои илмӣ ва маърифатӣ
ба муносибатҳои ҷашни ваҳдат, забон, истиқлолият ва
мавлуди Набӣ, соли нави мелоду мавлуди Исо пайғамбар ва

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо