Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Эҳтимол ин фаҳмишҳо ҳам аз рӯи амали баъзе нимҷаҳулҳову бибиотунҳои камдон ба миён омада бошанд.

Ман аз бемории вазнин сиҳат ёфта, хостам, ки ниятАмро амалӣ кунам. Ба воситаи телефон ин масъаларо ба котиби комитети партиявии шаҳри Исфара рафиқ А.Додохонов фаҳмондам, ба раиси Хазинаи маданият, собиқ мудири шӯъбаи маданият рафиқ А.Раҳмонов маслиҳат карда, ба шаҳри Ленинобод, ба назди роҳбари курсҳои таълими ҳӯруфоти классикӣ, мудири кафедраи адабиёти классикӣ, профессор С.Асадуллоев рафтам. Профессор С.Асадуллоев дониши маро дар ин хусус санҷиданд. Сонӣ маслиҳат доданд, ки дар дарсҳояшон ду-се ҳафта иштирок карда, услуби таълимро омӯзам.

Ҳамин тавр ҳам кардам. Аз дарсҳои муаллим бисёр чизро омӯхтам: метод ва равиши дарсгузарониро ёд гирифтам.

Профессор С.Асадуллоев ба ман дастури "Ба ёрии омӯзандагони алифбои арабии тоҷикӣ" (воситаи таълимӣ)-ро дода, таъкид карданд, ки ба хонандагони берун аз он дарс нагӯям.

Камаш сад нафар талабгори омӯхтани хатти классикӣ буданд. Номашонро навишта, барои маслиҳат ба назди котиби комитети партиявии шаҳр А.Додохонов даромадам. Ин маротиба ба ман гуфтанд, ки ба мудири шӯъбаи маданият ва комитети иҷроияи шаҳр муроҷиат кунам. Ана аз ҳамин нуқта оғоз шуд ҳаракати ман дар байни шӯъбаи маданият, комитети иҷроия ва комитети партиявӣ...

Рӯзҳои бешумор ва сарсониҳоям натиҷае надод. Аз ин аҳвол профессор С.Асадуллоевро огоҳ намудам. Ҳангоми гузаронидани конференсияи "Дӯстдорони китоб" С.Асадуллоев ба Исфара омада, ба роҳбарони шаҳр дар ин хусус сӯҳбат карданд. Сӯҳбат натиҷае надод. Профессор С.Асадуллоев озурда шуданд. Сонӣ худам ба назди раиси комитети иҷроияи шаҳр рафиқ Исломиддинов даромадам. Раис ба ман фармуданд, ҳуҷҷат биёрам, ки дар ин соҳа донишу фаҳмише дорам. Боз ба шаҳри Ленинобод рафтам.

пешина
аз 385
навбатӣ