Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

ҳузури духтур даромадаму ҳангоми баромадан боз Воситоваро дидам, ки саломи сардакак карду бо шитоб баромада рафт.

Пас аз нисфирӯзӣ аз прокуратура ба ман хабар расид, ки бояд ба прокуратураи шаҳри Исфара равам. Ҳайрон шудаму раҳ ба прокуратура гирифтам. Даромадаму он ҷо дар қабулгоҳи муфаттиши калони прокуратура Орифҷон Мадаминов аллакай духтур Аҳмадов Боқиҷонро дидам. Дарёфтам, ки манзур чӣ аст. Албатта О.Мадаминов инсони хуб аст, аммо ӯро ин лаҳза фаҳмида мешуд. Зеро ӯ низ иҷрокунанда буд.

Дар додгоҳ Аҳмадов Боқиҷонро пурсиданд, ки варақаи беморӣ кушодаи духтур ва ғайриқонунӣ истифода бурдани он варақаи беморӣ сабаби кушода шудани парвандаи ҷиноятӣ аст. Аз духтур Аҳмадов хеле ҳиҷолат кашидам аз боиси ман ӯро ғам доданд.

Муфаттиш баъд аз дидани варақаи беморӣ, дар Душанбе дар ҳузури кадом пизишк табобат гирифтанам, ба чӣ сабаб ба КОМ ташриф бурданам, дар ин ҷо бо чӣ нафарон вохӯрданам, дар кадом мавзӯъ сӯҳбат карданам ва дигар масъалаҳои марбути сафари Душанберо пурсон шуд. Ман ҳам он чӣ буд, ошкоро бидуни пардаву пинҳонӣ ба таври хаттӣ баён доштам. Бо ҳамин оғоз шуд парвандаи ҷиноятии ман.

Субҳи рӯзи дигар ба қабули раиси шаҳр Ҳалимов омадам. Дилам пур буд, ки бо шунидани дарёфти маблағи таъмир раиси шаҳр ризомандона маро пуштибонӣ мекунад ва ба қазияи додгоҳ бароям дасти кӯмак дароз менамояд. Вале ҳайҳот..!

Бобаробари шунидани матлаби ман Ҳалимов шӯрид ва ҳар чӣ ба даҳонаш омад бе ибо гуфт:

  • Магар айб нест, ки барои таъмири як боғча аз ҳамин ҷо ба шаҳри Душанбе рафта, аз ким-кадом немис маблағ пурсидаед, - ӯ мушташро ба рӯи миз чунон кӯфта ба ҳарорат ба сухан даромад, ки ман дар ҳайрат шудам. Зеро ин ҳолатро мунтазир набудам. - Ба ин кор ман роҳ намедиҳам, - қотеъона имдоди ширкати кишвари Олмонро рад кард Ҳалимов.

Ин ҳолат сабаб шуд, ки ман дар масъалаи додгоҳ чизе

пешина
аз 385
навбатӣ