Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

пазирой мондем. Рӯйи дастурхон пур аз нуқлу шаробу кабоб буд. Люба як қати харбузаро гирифта хӯрда истода, аз хубӣ ва дилсофии София ба мо тавсиф кард. Ҳамидахон аз гуфтори Люба дар бораи София шунида якбора:

  • Ман як бор худамро нишон медиҳам, ку бинам дар бораи саломатиам чӣ мегӯяд, - гӯён кӯдаквор хурсандии кард. Ҳамидахон зани хушсӯҳбату вақтҷоку рӯкушодест. Зеро ӯ андак аз ноҷӯрии саломатиаш шикоят дошту инак хост дақиқии гуфтаҳои Любаро санҷад.

София ҳам қарибиҳои нисфирӯзӣ буд, ки кулли мизоҷонашро қабул кардаву гуселонида, ҳузури мо шитофт. Дасташро пеши бар гирифта, самимона узр хост, ки имрӯз рӯзи қабулаш ҳасту натавонист, ки бо мо бошад. Мо ӯро ором кардем, ки ҳеҷ ҷойи ташвишу оворагӣ несту мо худро гӯё дар хонааш ҳамчун хонаи худ эҳсос кардаем.

Ҳамидахон ба София рӯй оварду пурсид, ки оё София метавонад моро низ қатори мизоҷони худ бубинад. София бо лаҳҷаи ӯзбекӣ "бо ҷону дил мебинам" гӯён посух дод.

Аз ин пешниҳоди Ҳамидахон андак нороҳат ҳам шудам. Ростӣ ман монеи ин кори дугонаам будам ва аз ин рӯ бо чашмонам ба ӯ ишорат мекардам, ки ин кор зарурате надорад. Ҳамидахон низ аз раъяш нагашту сабаб пеш овард, ки ӯ солҳост азият мекашаду мехоҳад худро нишон диҳад.

Усули дидану ташхиси София умуман аҷоиб буд. Ӯ пиёлаи қаҳваи гармро ба Ҳамидахон дароз кард. Ҳамидахон қаҳваро нӯшиду ба рӯи миз гузошт. София бошад баъди дуову салавоти махсуси худаш ба тиловати Қуръон пардохт ва пиёлаи қаҳваи хӯрдашударо гирифта, синчакорона ба он назар дӯхт. Одати София чунин будааст, ки аз пиёла саломатӣ ва бастагии бахту дигар авомилро медидааст. Ором-ором ба сухан даромад. Ба таври худ аз саломатию сабабҳои ранҷурии дугонаам гуфт ва ҳамзамон аз бахту барор ва бастагиҳои рӯзгораш низ баён сохт. Дугонаам Ҳамида бо ҳайрат ҳар як сухани ӯро тасдиқ карда, қоил шуд, ки София тамоми асрорро воқеъбинона гуфтааст. Маро низ ташвиқ кард, ки

пешина
аз 385
навбатӣ