Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз ростӣ орзу доштам, ки аз рӯи дастури "Нури одамият", ки солҳо заҳмати зиёд барои таълифаш кашида будам, ба фарзандони мардум тарбияи миллӣ омӯзам. Раҳораҳ даруни мошин то ба кӯдакистон расидан, ғарқи андешаҳоям шудаму онҳо низ бо ҳамдигар умуман гап назад, чашмонашон ба кӯча дӯхта шуда буд.

Мошин тавакқуф кард. Ба дами дарвозаи оҳанини дутабақаи хеле фарсудаву як табақааш кушода истодем. Тахмин кардам, ки ин аст кӯдакистон, ки ман бояд мудирияшро ба уҳда бигирам. Ҳатто дар пештоқи дарвоза ягон навиштае набуд, ки инсони раҳгузар фаҳмад, ки ин ҷо кӯдакистон аст. Танҳо аз шавқуни бачаҳо маълум буд, ки ин ҷо макони тифлон аст.

Ҳар сеи мо даруни ин дарвоза даромадем. Аз ростӣ димоғамро бӯи уфунату бадбӯй фаро гирифт, ки гумонам ба партовгоҳе омада бошем. Аз паҳлӯи чапи дарвоза девор буду роҳгарди сементии ду тарафашро алафи ачирику партов то ба мабраз зер карда буд, хеле маро нороҳат кард. Бинои кӯдакистон дарунтари ҳавлӣ ҷойгир буду хеле фарсуда ба назар мерасид. Мабраз бошад дар ҳоли хеле дилгиркунандаву табъро хира месохт. Дари мабраз умуман аз партови зиёду ифлоси ҳатто ба пуррагӣ пӯшида намешуд. Рӯи ҳавлӣ ба ҷои гулу райҳону дигар сабзакориҳо пур аз алафҳои худрӯи шӯраву тоҷи хурӯсу ачириқ буд, ки даруни он ҳам пур аз партов. Дар болотари он аз ҷониби маҳалли зисти одамон ҷӯйбори калони сементие буд, ки даруни ҷӯйбор аз партови зиёду алафу дигар ифлосиҳо моломол гашта буд. Намояндаи ҳукумат ва маорифи шаҳр ин ҳолатро, ки интизор набуданд, дидам, ки онҳо низ биниашонро аз ҳоли бади кӯдакистон бурма кардаанд. Ба даруни бино вород шудем. Оҳаку ранги молидаи деворҳо анкариб даҳ сол пеш рӯи таъмири охирин дидана-шонро бозгӯ мекарданд. Зеро ҷо-ҷо рангҳо хеставу аз сафедии оҳак нишоне набуд. Дару тирезаҳо бошад, умуман ҷои си-фатчинӣ нест. Фарш гӯё умуман рангро надида бошад, ҳамту ранги чӯби оддӣ шуда баъзе ҷояш мисли дили реш шикаставу кушода буд. Танҳо чор тарафи фарш маълум буд, ки ранги

пешина
аз 385
навбатӣ