Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
дидани ин манзара барои муқобилонам тоқатнопазир буд. Ман худро ҳеҷ гоҳ чун ғолиб ғарқи ифтихор намоиш намедодам, аммо маълум буд, ки чун пештара бефарқ ба кор омаданам боиси нороҳатии рӯзафзуни онҳо гашт.
Яке аз ин иддаи дигар дар кӯдакистон, ки барои иғвои Эшонову Солиеву Тӯхтаев пайваста буданд, ҷабини туршашон ҳеҷ ширин нашуд, ки нашуд. Маро дидан замон ҳисоби корашон гуму намедонистанд худро ба кадом дари коргоҳ зананд. Зеро ин турфа дар суд алайҳи ман ба таври аланӣ муқобил баромада буданд. Аз ҳама нуқтаи муҳим ман бо онҳо ягон чора надидам. Баръакс гӯё ҳеҷ коре нашуда бошад, муносибати ҳалимонаро ба эшон раво дидам. Ин амалкарди ман боз онҳоро аз пештара бештар ба азоби рӯҳӣ мувоҷеҳ сохт. Аз чашмонашон маълум буд, ки гӯё аз ман интиқому пархошро мунтазиранд. Аммо хилофи интизории онҳо ман ҳамоно меҳрубон будаму бас. Ҳамоно содаву самими будаму халос. Як гурӯҳи дигар, ки аз рафтани ман аз вазифаи мудирӣ хеле ғамгин шудаву доимо маро ҷонибдорӣ мекарданд, ин замон аз масаррату шодмонӣ ҳар субҳ вақти ба кор омаданам маро бо чеҳраи кушоду фараҳи бемисл бо бӯсаборон пешвоз мегирифтанд, ки ин ба муқобилонам болои сӯхта намакобро мемонд. Хуллас як фазои аҷоиб-ул-ғароиб рӯи кор омада буд. Аммо ҳамоно сари ҳар ду-се рӯз ташрифи бемавриди Эшонову Солиеву Тӯхтаев шодии ғамшариконамро барҳам зад. Онҳо чун ҳамеша аз паи бартараф кардани кинаву адоват нашуда, баръакс қоҳи гузаштаро ба бод додан сар карданд. Диданд, ки суханашон дар суд корагар нашуд, инак боз аз пештар бештар ба ман часпиданд.
Маро рӯирост таҳдид карданд, ки аз кор равам. Ба таври ошкоро аз ман талаб карданд, ки агар наравам ҳам, ҳадди ақал кори мураббиягиро қабул кунаму аз кори мудирӣ даст кашам. Ин бешарафии онҳоро то ба ҳол наметавонам фаромӯш кунам.
Аммо ман дар посухи талаби онҳо табассум мекардаму ҳеҷ намегуфтам. Ин беш аз ҳама боз алами онҳоро дучанд сохт.
Баъд тариқи телевизиони вилоят, ки директори вақти телевизиони вилоят журналисти варзида Илҳоми Ҷамолиён

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё