Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Рӯзи душанбе: аввали рӯз бад бошад то чошт, он гоҳ нек бошад то пешин, он гоҳ бад бошад то аср, он гоҳ нек бошад то хуфтан
Андар раҳи маърифат ба асл тохтаам.
В-андар сафи орифон сар афрохтаам.
Асрори як пешгӯйӣ
Бо сабаби дарди гурдаам, ки соли 1988 ҷарроҳиро аз сар гузаронида будам, бо ҳамроҳии шавҳарам ба осоишгоҳи Трусковетси шаҳри Киев — пойтахти Украина рафтем. Ин моҳи августи соли 1989 буд. Чун он ҷо табобати гурда хеле бо дараҷаи олӣ ба роҳ монда шуда буд, мизоҷони зиёд ба ин осоишгоҳ муроҷиат мекарданд. Мӯҳлати табобат хеле хуб мегузашт. Мо бо сардухтури ин табобатгоҳу осоишгоҳ ошноии хеле хуб пайдо кардем. Ӯ ману шавҳарамро ба хонааш даъват кард. Мо ҳамроҳи шавҳарам дар хонаи ӯ тӯли табобат зист ихтиёр кардем. Ин буд, ки байни оилаи сардухтур ва оилаи мо хеле меҳру муҳаббат пайдо гардид. Ҳангоми бозгашт ба ватан ҳамсари сардухтур, ки Люба ном дошту хеле зани қоматрасои босалобат ва зебою хушсухан буд, ваъда дод, ки барои меҳмонӣ ба Тоҷикистон меоянд. Бо эшон худоҳофизӣ кардему раҳ сӯйи ватан гирифтем.
Пас аз як моҳи расо, оғози моҳи сентябри соли 1990 воқеан ҳамсари духтур Люба ба Исфара ба хонаи мо барои меҳмонӣ омад. Аз ҳавои тозаву табиати биҳиштманзараи Исфара хеле хушҳол шуд. Аз Зумраду Чоркӯҳу Ворӯх дидан карданд. Дарёчаи шӯхобу кӯҳҳои зебои пур аз арча эшонро мафтун кард.
Пас аз андак меҳмонӣ Люба пешниҳод кард, ки дар шаҳри Тошканд София гуфтанӣ як шиносе дорад, ки гӯё ҳамчун мо ба осоишгоҳ рафта дам гирифта будаасту бо оилаи Люба дӯстони наздик шуда будаанд, ба хонаи онҳо барои меҳмонӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё