Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

гӯё ин саволашон ҷон дораду онҳо дар мавридаш пурсиданд ва гӯё худи ҳозир судя ба онҳо ҳамовозӣ мекунад. Аммо кор ранги дигар гирифт.

Судя ба ҷои он ки саволҳои бемавриди онҳоро ҷонибдорӣ намояд:

  • Ба шумоён кӣ ҳақ дод, ки аз ҷои нишастатон савол медиҳед? Бар замми ин, шумоён прокурор, адвокат ё корманди суд? Аз ҳама муҳим, кӣ ба шумоён иҷозат дод, ки ба саволу ҷавоби шоҳид халал ворид кунед? Агар дар мавриди чаро ба ҳайси шоҳид баромад кардани Чалиловаро дар назар дошта бошед, дар дасти ин кас даъватномаи суд аст. Ин ҷо ягон кори ғайриқонунӣ нест, ҳамааш аз рӯи қонун. Агар бори дигар амали ношоиста ва беэҳтиромӣ нисбати судя кардед, бе ягон пурсиш аз толори суд берун мекунам. Дониста бошед, ки шумоён ин ҷо ба ҳайси ҷавобгар, на саволдиҳанда қарор доред, - оромона, пухта-пухта ҳарфҳои судя, ки ҳама аз ҳайрат сукут карда буданд, дар толори хомӯши мурофиаи суд садо дод.

Аз ин кори судя Чалилова камтар ҷуръат пайдо карду ба баромадаш идома дод. Ӯ ба саволи оё гузаронидани аттестатсия барои кормандони тарбияи томактабӣ аз рӯи қонун аст, ҷавоби қонеъкунанда дод, ки ҳеҷ мумкин нест ва дар ягон ҷо навишта нашудааст. Чалилова бо бурҳону далелҳои шикананда посух дод, ки ин амали маъмурияти завод ғайриқонунист.

Пас аз саволу ҷавоб бо дархости судя мудири хоҷагии кӯдакистон Любов Лукибанова ба минбар баромад. Азбаски Любов Александровна бо автобуси завод омада буд, ҳангоми ба сухан карданаш, ҳама аҳли завод, бахусус се тан шермард бо чеҳраи ризоманд гоҳ ба судяву гоҳ ба ман нигоҳ карданд. Зеро онҳо дар симои Лукибанова ҷонибдори худро медиданд. Ба пиндорашон ҳозир Лукибанова алайҳи ман баромад мекунад. Аммо гӯсола чаппа омад.

Лукибанова алорағми хоҳиши онҳо аз рӯи виҷдон, ҳамчун як тан инсон, зан-модар ба сухан даромад. Аксар асрорҳои зерипардагии ҷанҷоли ману муқобилонамро ошкор сохт. Бисёр дари муаммоҳоро бо гуфтораш кушод.

пешина
аз 385
навбатӣ