Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
-Мо шуморо дастгирӣ мекунем, то ҳадди имкон ба саволҳо посух навишта ирсол медорем, зиқ нашавед, инчунин Улмасоваро аз номи маориф ба суди Конибодом мефиристам, -оромона ҳарф гуфта, маро таскин бахшиданд.
Бо ҳамин худоҳофизӣ кардему ман берун шудам. Ба саҳни ҳавлии ҳукумат баромадаму дилам ҳамоно фишор мехӯрд. Ҳарфҳои Маҳмудова дар гӯшам ҷарангос мезад. Намедонам то Исфара чӣ гуна омадам. Пайваста маро ҳарфҳои гуфтаи Маҳмудова пиромуни Гулафзо Савриддинова ва Каттаев азият медод...
13 феврали соли 1992. Ин пагоҳӣ суд кори худро дар вақташ, яъне соати расо 9:00 оғоз кард. Аз ҷониби завод як автобус шоҳидону баромадкунандагон омада буданд. Аз боғча мудири хоҷагӣ Л. Лукибанова, корманди ошхона Гуля Ғафурова, Маҳина Аҳмедова, мураббиягон Инобат Юлдошева, Мухлиса Савриддинова, Мушаррафа Ғаниева ва дигарон бо автобуси завод омаданд. Карима ва Шоира Бадаловаҳоро ман худам бо мошини худамон оварда будам. Аз шаҳри Хуҷанд бошад ба ҳайси шоҳид мудири собиқадори боғчаи № 26-и шаҳри Хуҷанд З. Ҷалилова, Санъатхон Улмасова аз маорифи вилоят омаданд. Журналист Дадоҷон Норматов низ ҳамроҳи наворбардорон иҷозаи иштирок дар мурофиаи судро гирифт.
Нахуст саволу ҷавоб аз Санъатхон Улмасова оғоз гардид. Улмасова бо ҷасорат ба пурсишҳо посух дод.
-Аз ҷониби маорифи вилоят ягон дархости хаттӣ барои аз аттестатсия гузаронидани мудири боғчаи №39 Исомаддинова вуҷуд надорад,- таъкид кард Улмасова. -Агар дар ҷодаи ҳақталошӣ Исомаддинова даъво карда бошад ҳам, даъвои ҳақ кардааст. Талошҳои ӯ танҳо ҳамин аст, ки аз ду методист яктоаш тоҷик бошад. Аз ду омӯзгори мусиқӣ яктоаш тоҷикзабон бошад. Магар ин боиси як шудани замину осмон аст? Ман дар ин кор ягон хатогӣ намебинам. Соли сеюм аст, ки қонуни забони тоҷикӣ дар амал аст ва ороиши гурӯҳҳоро тоҷикӣ кардани Исомаддинова ягон ҷиноят несту баръакс дастгирии қонуни забон аст. Ба ҷои он ки дар ивази кораш аз роҳбарият раҳмат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё