Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Норматов ва ё дигар намояндаи васоити ахбори омма набуд, ки ин расвоиро бо чашми сар бубинаду баҳои воқеӣ диҳад. Ба ҳар навъ баъди хатми он рӯз мушоҳида кардам, ки он се тан аз баромадҳои болохонадори худ хеле шодмону масрур буданд, ки даҳонашон дар бехи гӯшашон қарор дошт. Бо салобату карру фарр аз толори суд баромадану ба ман нигоҳҳои маънидорона кардани эшон мазмуни он буд, ки гӯё эшон ба охири кор нуқтаи тамматро гузоштаанд. Ба пиндори эшон пагоҳ судӣ гуфтори онҳоро ба назар гирифта, мисли тарошаи аз бом афтида корро ба манфиати эшон ҳал месозад.

Мо низ аз бинои суд берун шудем. Берун аллакай шомхӯрдаи серуни пуртуман буд, ки бист қадам он сӯтарро мушоҳида кардану дидан мумкин набуд. Дидам, ки ману ҳимоятгарамро мошини сабукрави тамғаи "Запорожетс" мунтазир аст.

Ғурриши муҳаррики мошин баланд шуду ба роҳ баромадем. Андармони хаёлҳои худу баромадҳои ҷавобгарон будам, ки ин дам "салом оҷа" гуфтани ронанда маро ба худ овард.

  • Шумо нағзу дуруст-мӣ? Саломатиатон чӣ тавр? - сарашро андак ба қафо тоб дода пурсид ронанда.

Аз ростӣ дар хиҷолат мондам. Зеро ғарқи хаёлҳои худ салом додан ба ронандаву таваҷҷӯҳ кардан ба кӣ будани онро фаромӯш кардаам. Дидам, ки ронанда аз шиносҳои дерини оилаи мо усто Абдуманон будааст.

  • Э, ассалому алайкум уко, ман нағзу раҳмат, худатон чӣ хел, аҳли оила хубанд? Шуморо дар ин сардии ҳаво ва номусоидии туман нороҳат кардем-да, - хиҷолатзада дарҳол ба пурсуҷӯ даромадам.

  • Ҳеҷ гап не оҷа, - бо оҳанги дилбардорӣ ҳарфҳои усто садо доданд, - ҳамин кори шумо нағз шаваду ҳақ ба ҳақдор расад шуд. Шумо барои ман парешон нашавед. Чанд рӯзи дигар лозим бошад, мо дар хизмат, бемалол шарм накарда минбаъд ҳам зарур бошад гӯед, беҳуда хиҷолат накашед, - самимона арз дошт усто.

  • Ташаккур, аз Худованд гардад, - кӯтоҳ бо овози хаста

пешина
аз 385
навбатӣ