Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ба кор кардан мемонаду ҳар касеро ки нахоҳад ба кор намемонад.

Вақте Акчурин аз судя иҷозат пурсид, ки танҳо се-чаҳор савол медиҳад ва судя иҷозат дод, дар бадани Солиев гӯё табхол дамид. Ӯ ҷои гурез наёфт. Зеро дид, ки пеш аз ӯ ҳаммаслаконаш чӣ гуна шармандавор аз минбар фаро рафтанд. Ранги рӯяш мисли девори толори суд сап-сафед шуд.

-Рафиқ Солиев, оё шумо бо чашми худатон дидед, ки Исомаддинова ба рӯи стори Петрова китоби барномавиро бардошта задааст? Оё аз ӯҳдаи исбот мебароед, ки гуфтед гӯё Исомаддинова рӯзҳои кориашро ба китобнависӣ сарф кардааст? Онҳо кадом рӯзанд? Аризаи Исомаддинова рӯзи 19 марти соли 1992 ба шумо рафта будааст, чаро сари вақт баррасӣ накардед? Ҳол он ки аризаро маҳз рӯзи 20 апрели соли 92 дида баромадед, аз ин пештар дидани он оё имкон надошт? Ҳол он ки баррасии ариза дар коргоҳҳо аз 15 рӯз набояд тӯл кашад.

Ростӣ ба ҳоли Солиев раҳмам омад. Ӯ ҳеҷ посухи амиқу дақиқе ёфта натавонист. Рӯймолчаро аз кисааш берун кашиду пуфу куф-кунон арақи шармсории пешонияшро ба пок кардан даромад. Ба симои солхӯрдаи ин мард назар афканда, раҳмам меояд ва ҳеҷ бовар намекунам, ки дар ин синну сол ба эҳсосот дода шуда, дурӯғ мегӯяд. Дар зеҳнам суолҳои зиёд пайдо мешавад, ки шояд ин марди солхӯрда бо зӯргӯиву найрангбозии дигарон, ки ӯро ба ин кор андохтаанд? Шояд, аммо маълум буд, ки ӯ низ дар иҳотаи нафаронест, ки аз ҳамдигар монданӣ надаранд. Эҳтимоли зиёди ман аввалҳо дар ин буд, ки Солиеви солхӯрда иҷрокунандаи хоҳиши дигарон аст. Мутаассифона, ин эҳтимолият ботил баромаду чеҳраи аслии ӯ ошкор гардид...

Ин мард хеле хуб медонист, ки дар вақти сари кор буданам борҳо шоҳиди ибтикори хубу созанда дар кӯдакӣстон ба вуқӯъ пайвастааст. Солиев хеле хуб медонад, ки дар набудани ман, вақте борҳо маро аз кор барканор карданд, дар кӯдакӣстон тифлҳо баъзан аз бесалоҳиятии масъулини кӯдакӣстон бесаробон монда, яке дасташ аз оби ҷӯш сӯхтаву бори дигар

пешина
аз 385
навбатӣ