Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
тавассути давлати Шӯравӣ ба ҷое расидем. Саҳеҳтараш аз Худо рӯй тофтему аз хонаҳои похсагини паст ба ошёнаҳои баланд раҳ ёфтем. Аммо ба манораҳои таърихӣ назар мекунаму мебинам, ки рангҳои ҳазор сол қабл молидаи ниёгонамон, нақшу нигору тарҳи хонаву кушксозӣ ва манорабардории гузаштагон то ба ҳадде баланд будааст, ки тӯли асрҳо аз офтобу борон газанде наёфтааст. Агар ин давлати абарқудрат аст, марҳамат ҳадди ақалл ранге бисозад, ки 50 сол бенур нашавад. Ҳол он ки рангҳои молидание, ки ба ороиши хонаҳоямон истифода мебарем, аз як сол беш нагузашта рехтаву бенур мешаванд. Оё мешавад, ки қаноти пашшаеро ба шоҳини баландпарвозу баландназар баробар кард? Оё мешавад, ки рӯшноии шамъро бо партави чашмрабои хуршед қиёс кард?
Ин суолҳо буданд, ки зеҳни маро ҳамеша ба худ машғул медоштанд. Аммо медонистам, ки дар режими оҳании коммунистӣ ин андешаҳоро гуфтан на фақат гуноҳ мебуд, балки худкушие беш набуд.
Воқеан, тӯли давлатдории Шӯравӣ ягон шоиру нависандаи мо натавонист, ки сухани оламгир бивисад. Ҳарчанд чеҳраҳои намоёни адабиётрӯ доро ҳастем, аммо на фатҳи қуллаҳое, ки гузаштагони мо дастёб шуданд, дар арсаи Шӯравӣ дастрас шудаанд.
Баъдан, ки соли 1973 ба техникуми молию иқтисодии шаҳри Душанбе дохил шудаму онро соли 1975 хатм намудам, аксари вақт, худро дар китобхонаҳои пойтахт мегузаронидам. Боз бештар аз пештар ба китобҳои ниёгон рӯй овардам. Ҳисси миллатдӯстӣ он лаҳза дар ботини ман чун ниҳолаки орзу сар аз синаи хок боло кашидаву ноаён ва аммо зебо рушду нумӯъ мекард. Медидам, ки дар кишвари дорои таърихи қариб 7-8 ҳазорсола тӯли 50 сол забони ғайритоҷикӣ решаву патакреша давонидааст, ки қариб аст, дар оилаҳои мардуми тоҷик бо забони русӣ бо ҳам муошират мекарданд. Ин амалкарди давлати Шӯравӣ дилу ҷон ва магзу устухонамро месӯзонид. Аммо бо он ҳама, муросову мадоро мебоист кард. Вагарна ҳеҷ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё