Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аслан ҳамин тарафи кори милиса боиси аҳсан буд.
Он бегоҳ Ҳотам Илёс дуздро дар обмўрӣ дошта буд ва Розиқ Амон ҳам фаҳмид, ки тақдири ў сари мўйе қарор дорад.
Дар талвосалаи ҷон ў ҳамоно барои милиса сад ҳазор доллар пешниҳод кард ва Ҳотам Илёс боз панҷоҳ фоизи дигар низ талаб намуд. Мудири бонкро чун роҳи дигар набуд, розӣ шуд.
Бегоҳии рўзи дигар ў ҳамон маблағро худаш гирифта ба қабристони шаҳрӣ рафт ва дар таги тахтасанги гўри сеюм аз қатори ҳафтум гузошт…
Имрўз бошад, ў сухани хеш бишкаст ва ба Ёсумани Набот занг зад. Ёсуман аввал ўро нашинохт ва чун фаҳмид изҳори нигаронӣ кард. Охир худи милиса қавл дода буд, ки Ёсуман ўро низ фаромўш созад, пас ин ҳама ташвишу тараддуди милисаро сабаб чӣ буд ў нафаҳмид, вале ба хотири он, ки сирраш фош нашавд ба мулоқот розӣ шуд…
– Ташаккур бародар, – лифофаро гирифта гуфт Ҳотам Илёс. Сипас, пешхизматро даъват карданӣ шуд, то баҳри табиб ҳам таом биёрад, вале сардухтур корро баҳона карда аз ҷой бархест. Мо ҳама вақт дар хизмат рафиқ полковник, дастҳо пеши бар Вайс Тошмат чун талабаи мактаби динӣ қафо рафт…
– Марҳамат, ана варақаи корношоямиатро гир, – гўён Ҳотам Илёс лифофаи овардаи сардухтурро назди Насим гузошт.
– Ташаккур акаи Ҳотам.
– Намеарзад. Ман ҳанўз баҳрат хизмати дурусте накардаам. Варақаро бошад, чӣ хеле ки худат дидӣ духтури ҳамшаҳриат овард. Беҳтар мебуд, ки ба ў ташаккур мегуфтӣ.
– Ҳаргиз ў ин корро ба хотири ман накардааст. Шумо худ шоҳид будед, ки ў қариб бо туҳмат бандаро ба маҳкама кашидан хост.
– Чунин афродҳои пастфитрат кам нестанд. Онҳо танҳо ба калонҳо хизмат мекунанд. Ҳаргиз дасти бечораву бенаво ва ё бевазифаеро намегиранд. Дар ин умри кўтоҳ ман чунинҳояшро борҳо дидаам. Ҳамдеҳаи худат бошад ба гумонам ба ҳамаи онҳое ки ман мешинохтам сардафтар аст, ба таври дигар гўем Вайс дар озмуни пасту палидҳо ҷойи аввалро ишғол мекунад.
Афсўс, ки худат надидӣ ў чӣ тавр дастҳо пеши бар то пеши дар қафонокӣ рафт. Ман медонам, ки чун аз мансаб дур шавам, ў ҳатто ба саломам алек намегирад.

пешина
аз 558
навбатӣ