Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ду нафар пеши лифт меистоданд. Онҳо аллакай омадани лифтро интизор буданд. Маъруф Остон яке аз онҳоро нағз шинохт. Ин ҳамон марде буд, ки Насим расмашро ба ў нишон дода буд. Хайр инаш– ку майлаш, вале дилаш ба нафари дигаре, ки ҷавони паҳлавонсурат буд сухт. Охир бо чунин дасту бозу дар саҳро кор кардан лозим, на чун соя аз қафои дигаре гаштан. Ҳар кӣ надонист ҷойи хеш, охир шиканад пой хеш. Ў ки сояи дигарон аст, акнун ҳамроҳи ҷисмаш дунёи фониро тарк хоҳад кард. Барои соя сояи дигар чӣ лозим. Ба бахти Маъруф Остон, ки касе дигар наомад. Муҳимаш, ки аз боло касе наояд.
Ниҳоят лифт бозистод ва он ду нафар аз рўйи эҳтиром меҳмонро таклифи даромадан намуданд.
– Танҳо баъди шумо.
Аввал марди ҳукми хеш гирифта ва сипас муҳофизи ў вориди лифт шуданд. Муҳофиз ба тарафи тугмачаи лифт гашт ва дар дасти марди ношинос таппончаро дида нафас дар гулўяш дармонд. Маъруф Остон қулангро зер кард ва тир пешонаи муҳофиз бишкофиду ў рўйи фарши лифт афтид. Оне, ки ба ивази ҷони хеш ҷони ҷигарбанди ў харида буд, баробари рўйи фарш афтидани муҳофиз, ки на танҳо ҷони ўро ҳифз накард, балки ҷони хеш аз даст дода буд, аз рўзномаи дар дасташ буда сар бардошта, таппончаро дар дасти вай дида хост дод гўяд, вале тир синаи ў шикоф кард ва ў калавида – калавида болои муҳо–физ афтид…
Маъруф Остон тугмачаи ошёнаи нўҳумро пахш карда дасташро қафо кашид. Лифт дари хеш пўшиду он ду танро ба боло бурд…
Дигар ҷойи андеша набуд. Ў пас гашта аз бино берун шуд.
Дар гирду атроф касе набуд. Ду рўз буд, ки ў хуни ҷигар хўрд ва омади корро бубин, ки дар як мижа задан вай қарзи хешро дар назди онҳое, ки баҳри наҷоти ҷигарбандаш шаст ҳазор СКВ ҷудо карда буданд, баробар кард. Рост гуфтанд, ки дар доми боло будан беҳ аз бими балост…
Сад, саду панҷоҳ қадамро паймуду касе дучораш наомад, вале ғайри ихтиёр сари роҳи автомобилгард таваққуф карданаш лозим омад. Охир ў наметавонист, баъди ин ҳама «корнамоиҳо» ҷони хеш ба бало монад.
Маҳз ҳамин таваққуфи яклаҳзаинаи сарироҳӣ андешаҳои мухталиферо дар қалби то кунун сарди ў бедор кард. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки аз байни роҳ ду тан, ки сари хеш зери як чатр аз барф эмин доштан мехостанд, чун гови ало ба тарафи ў нигариста, байни худ чизе мегуфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё