Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дигар касе дар пеши хона наменамуд, барф бошад то рафт суръат мегирифт. Нохост аз паҳлуи онҳо автомашинаи тамғаи «Фолксваген – голф» бо чароғакҳои огоҳкунандаи тарафи чап гузашта лаҳзае бозистод, то автомашинаҳои аз тарафи муқобил омадаро роҳ диҳад.
Маъруф Остон ба рақами он чашм дўхт 64 – 48. Ў тапиши дили хешро баръало шунид ва бори дигар даст ба ҷайб бурд.
ПМ бо овозпасткунак дар бағалаш буд.
– Объектро дидӣ?
– Ҳа.
– Ба фикрам муҳофизаш ҳам имшаб ҳамроҳаш омадааст.
– Пас ин чӣ хел мешавад?
– Амалиётро боздоштан мумкин нест. Ба замми ин фарқаш чӣ ки онҳо чанд касанд. Муҳимаш он ки тирҳо басандаанд.
– Охир нафари бегуноҳеро…
– Ё ту вайро, ё вай туро…
– Акнун фаҳмидам.
– Агар ба ҷуз ҳарду дигар кас дар пеши лифт бошад ба варианти дуюм гузаштан лозим меояд.
– Агар набошад варианти якум мемонад, – гўён ў кулоҳашро ба сар гузошт.
Ниҳоят «Фолксваген» роҳро убур карда, ба тарафи бинои нўҳошёна тоб хўрд.
– Хайр ман рафтам.
– Сабр кун, то онҳо автомашинаро дар сигнализатсия мемонанд ва боз ҷанобашон рўзномаю маҷаллаҳоро аз почтааш мегирад, ки худат ҳам мерасӣ.
– Рафту рўзномаю маҷалла набошад чӣ?
– Ҳаст. Ман худам дидам, ки соате пештар хаткашон ба ҳамон тараф рафт. Ҳамсари ҷанобашон дар хона нест.
– Вай дар куҷост?
– Дар беморхона, акнун рав.
Маъруф Остон аз автомашина баромада, гиребони палтояшро рост кард ва ба тарафи бинои нуҳошёна ҳаракат намуд.
– Хайрият даромадгоҳи биноҳои баландошёна чун даромадгоҳҳои Москваю Санкт Петербург бо дари фулодину қулфи рақамдор муҷаҳҳаз нестанд, – аз дил гузаронд ў ҳангоми вориди бино шуданаш. Лифт дар қисми охирини бино воқеъ буд ва Маъруф Остон бе мамониат то пеши он рафт.

пешина
аз 558
навбатӣ