Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фосилаи байни онҳо дар ҳамон лаҳза танҳо паҳноии қисми дуюми роҳ буд, ки он ҳам на беш аз ҳашт – даҳ метро ташкил медод. Дар зери рушноиии нақлиёти ба самти онҳо ҳаракаткунанда симои он ду дилдода баръало намудор буд ва ў низ боварӣ дошт, ки акси ў кайҳо дар монитори хотироти он ду ҷавон сабт гардид. Чун лаҳзае имконияти аз роҳ гузаштан фаро расид, онҳо дар як вақт пой бар остонаи роҳ гузошта, баъди чор қадам паҳлуи ҳам дар масофаи якуним – ду метр рост шудан, он ду дилдода, ки то ҳанўз ба тарафи рост нигоҳ доштанд, бо як меҳрубоние нигоҳашонро ба тарафи ў ки ба самти чап нигоҳ дошт, баргардонида салом гуфтанд. Ў аз он нигоҳҳо тарсид, ки ба ҷавоби салом алеки дуруст нагуфта, сарашро ба тарафи рост гардонид… Лаҳзае пас ў он ду дилдодаро паҳлуи он биное дид, ки худ аз он ҷо берун омада. Баробари ба автомашина нишастан Насим онро ба маҷрои нақлиёти шаҳрӣ даровард…
Мудири «Мағозаи молҳои омехта» Екатерина Андреевна Самохинаро вақтҳои охир дарди тарбод азоб медод. Шояд ҳамин ҳолат сабаб шуду ў анҷоми корро интизор нашуда, бо ҳамкорон худоҳофизӣ намуд.
Ҳангоми аз мағоза баромадан чашми ў ба соати деворӣ бархўрд, ки ақрабаки он 19 – и расоро нишон медод. Чун аз бино берун шуд, ба хотири кушодани чатр лаҳзае пеши дари баромадгоҳ истод. Ҳамон автомашинаи «Жигули» –и ранги кабуддошта, ки ду соат боз дар рў ба рўйи мағоза касеро интизорӣ мекашид, ҳанўз дар ҷояш буд. Дар паҳлуи дари қафои тарафи рости автомашинаи мазкур марди кулоҳбасареро, ки нимтанаи чармини сурхаш бо кулоҳаш ҳамранг буд, рост истода, ба самти муқобил, яъне ба тарафи манзили истиқоматии онҳо наззора дошт. Нигоҳи он марди кулоҳбасар таваҷҷуҳи ўро низ бедор кард, ки вай низ самти нигоҳашро ба ҳамон тараф равона сохт. Дар зери шуои барқи паҳлуи бинои истиқоматӣ ў ду нафареро зери як чатр дид, ки майли ба бинои онҳо даромадан накарда, аз паҳлуи рости бино гузашта рафтанд…

пешина
аз 558
навбатӣ