Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ё шояд натавонист?
– Не, нахост. Рост гуфтаанд, ки агар дил бисўзад аз чашми кўр ҳам ашк меравад. Ин ҷо бошад…
Ҳамаи инро шояд сабаб он буд, ки Гулбарг нисбат ба душмани хонадони хеш мавқеи беғайратиро пеша карда буд. Рафту агар ин ҳодиса ба сари каси дигар меомад, фаъолонатар рафтор мекард. Мавқеи Гулбарг аслан мавқеи мудофиаро мемонд, ҳол он ки дар вазъи доштаи ў роҳи аз ҳама дуруст ин ҳуҷум буд.
Новобаста аз он ки Сорбони Ҳомид нисбат ба баъзе эътирозҳои Гулбарги Одина ҷавоб наёфт, вале ин ҳолат ҳам аз беҳаракатӣ ва беғайратии ў шаҳодат медод.
Ҳарчанд ровиёни ахбор зиндагиро маҷмўаи бешу камӣ гўянд, вале дар ҳоле ки Гулбарг қарор дошт, ба зиндагӣ аз дигар кунҷ назар мебоист. Дар ҳақиқат дар он солҳо саг соҳибашро намеёфт, вале агар ҳама чун ҳамин ҷавонзан беғайратӣ зоҳир мекарданд магар сулҳу салоҳ танинандоз мегашт? – Ҳаргиз!
Сорбони Ҳомид сари мизи корӣ нишаста, рафтори қиссагўйи имрўзаро дар тарозуи ақл баркашиданӣ шуд.
– Албатта, таърих аз ин ҳам ҳодисаҳои даҳшатбортареро ба ёд дорад, вале насли одамӣ на бояд аз онҳо панд гирад. Чун мақсади Гулбарг бо хорию зорӣ нест кардани Розиқ Амон будааст, пас чаро ў ихтиёран худро таслими ў намудааст? Магар бо чунин амал рўҳи гузаштагони хешро шод кардан мумкин аст?
Ба посухи дили хеш капитани милиса ҷавоби инкор гирифт. Шояд ин ҷо боз нимкосае зери коса бошад, ки Гулбарг аз ифшояш худдорӣ кард. Эҳтимол чунин ҳам набошад, вагарна шахси солимақл ҳаргиз ба чунин роҳ нарафтӣ.
Модоме ки чунин аст пас он чӣ сиррест?
Чун рўзҳои зимистон ниҳоят кўтоҳанд, Сорбони Ҳомид чӣ тавр оҳиста – оҳиста дар оғўши зулмот монданашро нафаҳмид.
Ў ба соати деворӣ нигарист, вале ҳамоно ба хулосае омад, ки бе рўшноии барқӣ ақрабаки соатро дидан ғайриимкон аст. Аз ин рў аз ҷой бархест ва ба тарафи дар ҳаракат намуда, тугмачаи паҳлуи дарро зер кард. Чароғи барқӣ ё чӣ хеле, ки замоне онро нури Ильичӣ мегуфтанд, дафтари кории ваколатдори кофтукови ҷиноятиро аз тасарруфи зулмот берун сохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё