Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ақрабаки соат 1815 дақиқаро нишон медод. Фаслҳои сол ҳам аслан чун савдогарони бозоранд, ки гоҳ аз тор мезананду гоҳ аз пуд…
Чун шаби гузашта бо сабабҳои аллакай маълум ба хона рафта натавонист ва анҷоми кори дишаб рухдодаро низ рўшноие аз пеш набуд, ў дигарбора майли ба курсӣ нишастан накард. То ба саҳни ҳавлӣ расидан ўро ҳодисаи дишаба ва қиссаи ҳамсари мудири бонки саҳомии «Кишоварз» домангир буд, вале…
Баробари пой бар остонаи хона гузоштан матни суруде ба гўшаш расид..
Эй мо чорта бародарему як бобаи пир, эй дўсти азиз Эй мо чорта камонварему як қавзаи тир, эй дўсти азиз Эй дар об шиноварему дар кўҳ нахчир, эй дўсти азиз Эй дар ҷанг диловарему дар марг асир, эй дўсти азиз…
Ин овози марғуладори Наҷиб буд ва шояд Расулу Умеда ҳам мафтуни овози ҳофиз шуда буданд, ки касе ба истиқболи ў набаромад. Сорбон нўг – нўги по то ба дари ҳуҷраи Наҷиб рафт ва оҳиста дарро кушод. Дар хона на танҳо Расулу Умеда, балки Ҷомӣ ва Шукрихудо низ гўшу ҳуш ба овози ҳофиз дода буданд. Ў ҳатто аз омадани бародарони кўчакаш Ҷомӣ ва Шукрихудо хабар надошт, вале то анҷоми суруд худро ошкор накард… Наҷиб дар ҳақиқат ҳофизи хушовоз буд ва баъди он ки ў имсол ба бахши овозхони анъанавӣ ва мутрибони анъанавии факултаи мусиқии тоҷикии Консерваторияи миллии Тоҷикистон дохил шуд, тамоми ҳастии хешро ба санъат бахшид.
Боре шабона аз кор баргашту ба дерии вақт нигоҳ накарда овози баланди Наҷибро (бояд қайд кард, ки Наҷиб фалаксарост) шунида изҳори нигаронӣ намуд, ки истироҳати ҳамсояҳоро халалдор сохтааст. Чун Наҷиб яку якбора ба хотири сухани акааш сурудро дар байнаш бурид, лаҳзае пас ҳамсояҳо ба дар ангушт заданд ва сабаби яку якбора хомўш шудани ҳофизро пурсон шуданд.

пешина
аз 558
навбатӣ