Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳарчанд дар давоми ду рўзи боздошт шуданаш Тўйчӣ Ҷалол боре ҳам худаш хоҳиши дидани Абдумаҷидовро накард, вале худи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ се маротиба гумонбаршуда Тўйчӣ Ҷалолро ба назди хеш хонд ва бо ў суҳбат кард.
Дар ҳар се ҳолат ҳам гумонбаршуда ба нишондоди рўзи аввалаш ҳатто калимае илова накард. То анҷоми муҳлати боздошт боз бистучор соат вақт буд ва агар дар рафти тафтишот дигаргунии куллие ба амал намеомад Абдумаҷидов маҷбур буд, ки гумонбаршударо барои исбот нашудани гуноҳаш сар дода, аз ў бахшиш пурсад.
Баъди суҳбати навбатӣ дар нимаи дуюми рўзи 25 май Абдумаҷидов ба ШКД–и ноҳияи Роғ занг зада, бо худи сардори ШКД майори милиса Рустам Ислом суҳбати телефонӣ намуд.
Маълум шуд, ки корҳо на ба дараҷае баданд, ки ў гумон дорад.
Рустам Ислом хабар дод ки соати ҳафти субҳ сокини деҳаи Роғро дар зери васигии ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ лейтенанти милиса Ҷонов, ки азми ба шаҳр рафтан дошт, дар автомашинаи тағмаи «УАЗ– 469» шинонда худаш гусел намудааст.
Абдумаҷидов ба шуъбаи навбатдорӣ фаромада ба воситаи мухобира ба бунгоҳҳи БДА, ки дар даромадгоҳи қисми шарқи шаҳр воқеъ гардида буд, ба алоқа баромада хоҳиш кард, ки дар сурати пайдошавии автомашина тағмаи «УАЗ – 469» рақами давлатиаш 81–52 ки корманди милиса лейтенант Ҷонов роҳбаладӣ дорад, рост ба ШКД–и ноҳияи Гулистон фиристанд.
Чун сардори бунгоҳ ваъда дод, ки супориши майор бе чуну чаро иҷро мешавад Абдумаҷидов каме осуда шуда, боз ба утоқи кориаш рафт. Ў гаштаву баргашта нишондоди Тўйчӣ Ҷалол, Қосими Асад ва Амонуллои Султонро ки барои парвандаи ҷустуҷўйӣ нусхабардорӣ карда шуда буданд хонда, дар қоғази сафеде баҳри хеш қайдҳо мекард. Соати 1615 дақиқа навбатдор занг зада хабар дод, ки автомашинае ки Абдумаҷидов интизораш буд, вориди шаҳр шуд. Майори милиса ба вохўрии Гул Набӣ тайёрӣ дида, ҳатто магнитафони тағмаи «Сони»–ро омодаи кор намуд.
Ниҳоят, соати 1635 дақиқа мўйсафеди қоқи дарозе ҳамроҳи лейтенанти ҷавоне вориди утоқи кории Абдумаҷидов гаштанд.
Лейтенант ба таври низомӣ ба майори милиса Абдумаҷидов гузориш дода гуфт, ки дар асоси телефонограмма шаҳрванди деҳаи Роғи ноҳияи Роғро ҳозир намуд ва акнун рухсати рафтан пурсид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор