Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҷавон ҳам дилу бедилон аз нав ба лаби кат нишаста ва сари як пиёла чой бо мўйсафед боз хело суҳбат намуда ваъда дод, ки сари субҳ ў худаш омада мўйсафедро гирифта мебарад.
Суман аз нақли бобояшу меҳмон ҳамин қадар фаҳмид, ки бобояш азми сафари шаҳр дорад. Тайи як ҳафтаи охир фақат дар бораи сафари бобояш ба прокуратураи генералӣ ба назди муфаттиш Атоев сухан мерафт ва он чӣ, ки имрўз қосид барои бобояш даъватнома овард, ин худ гувоҳи он буд, ки Атоев дар суханаш истодааст…
– Чӣ бобоҷон ба шаҳр меравед?– баъди оне, ки мўйсафед меҳмонро гусел карда омад, пурсид Суман.
– Ба фикрам рафтан даркор, афсўс, ки ба занги охирини шумо рафта наметавонам,– гуфт мўйсафед, беҳтараш худи ҳозир ба хона рафта падару модаратро хабар деҳ, ки фардо ба занги охир ҳозир шаванд
– Не, беҳтараш он ки ман ҳамроҳи бибиам меравам.
– Ба бибиат аллакай гапзанон кардӣ?
– Ҳа бобоҷон бибиам, аллакай розигӣ дод, ки фардо ҳамроҳи ман ба мактаб меравад.
– Бисёр хуб. Акнун дилам аз шумо пур.
Чун Суман дастархон ғундошта ба хона бурд,– мўйсафед боз ба ҳота рафта, оби ҷўйро дар дар ҷўякҳо тақсим кард.
«Аҷиб чаро маро ба прокуратура нею ба милиса даъват карда бошанд? Наход? Наход барои ҳамон ҳодисаи дар роҳ рухдода даъват намуда бошанд? Охир агар Атоев ҷеғ мезад, ному насаби худашро дар даъватнома менавишт. Маълум, ки ягон гап шудааст. Хайр ҳар чи ҳам бинем ҳамааш аз тақдир аст. Муҳимаш он ки ба ҳамон ронанда гап нарасад. Ман бошам умри хеш хурдам…
Боз кори Шодӣ ҷун омад накард. Эй тақдири бад… Гумон кардам, ки бо Холи Зард рў ба рў шуда, ҳақиқати ҳолро мефаҳмам, вале афсўс ё ки ин орзую ормони хеш ба гўр мебарам, чӣ?
Гул Набӣ то бегоҳ дар ҳота ҷунбуҷўл дошт…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор