Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бояд қайд намоям, ки аз рўйи резурс ва гурўҳ хуни дар калид буда, ба хуни Абдулои Хокироҳ баробар омад. Аз ин бармеояд, ки Абдуллои Хокироҳ маҳз аз ҳамин калид ба сараш зарба хўрда ба ҳалокат расидааст. Шояд давомашро ҳам нақл кунам…
– Не, лозим нест.
– Ном ва насаби мўйсафеди роғӣ?
– Набиев Гулмаҳмад.
– Хуш, ба тафтишот боз чиҳо гуфтаниед?
– Дигар ягон чиз, бигузор он тарафашро худи ҳамон мўйсафеди роғӣ омада нақл кунад.
– Чаро шумо не?
– Чунки ман монда шудам ва аз ду сар шумо ба ман бовар намекунед.
– Мо маҷбурем, ки то ҳалу фасл шудани кор шуморо дар милиса ба муддати се шабонарўз нигоҳ дорем.
– Ман зид нестам. Бигузор тезтар маро баранд.
Абдумаҷидов ба навбатдор занг зада амр кард, ки ба утоқи кории ў дарояд.
Баъди лаҳзае навбатдор рухсат пурсида, вориди утоқи кории Абдумаҷидов гашт.
– Рафиқ капитан, шаҳрванд Тўйчӣ Ҷалолро ба муддати ҳафтоду ду соат боз медорам, ўро кофтукови бадан гузаронида, санад тартиб диҳед, ман баъди чанд дақиқа фаромада, протоколи боздошти ўро имзо карда медиҳам.
– Хуб шудааст рафиқ майор,– гўён капитан ба тарафи мусоҳиби соҳиби утоқ нигариста амр кард.
–Тўйчӣ Ҷалол рафтем.
– Агар дар ҳамин мавзўъ ягон чиз гуфтан хоҳӣ, метавонӣ маро ҷеғ занӣ,– гуфт Абдумаҷидов.
Баъди рафтани онҳо Абдумаҷидов ба курсӣ такя карда, сари суҳбати дусоатаи хеш бо шаҳрванд Тўйчӣ Ҷалол хело андеша кард. Сухани рост талх аст ва он чӣ ки гумонбаршуда Тўйчӣ Ҷалол дар ҳаққи дўсти милисаи галабон гуфт, ҳақ гуфт. Маҳз чунин ашхоси бевиҷдон номи милисаро паст мекунад. Ў акнун бо боварии комил гуфта метавонист, ки Абдуллои Хокироҳ қурбони чоҳи кандаи хеш шудааст ва Тўйчӣ Ҷалол ҳам ба ҷуз шоҳиди воқеа дигар мақомеро намегирад.

пешина
аз 558
навбатӣ