Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Мусоҳибаш ба расм хело зеҳн монда гуфт, ки расм барояш ноошност ва ў нисбат ба расм ягон шарҳу эзоҳе дода наметавонад.
– Афсўс.
– Афсўси чӣ?
– Афсўси он ки шумо маро нафаҳмидед.
– Чиро бояд мефаҳмидам?
– Ҳақиқатро. Гумон накунед, ки дар милиса аблаҳон нишаста сару калобаи мардумро беасос гаранг мекунанд.
– Ман ҳеҷ гумон накардам.
– Пас чаро аз шарҳ додани расм рўй тофтед?
– Ман хариташинос набошам, аз куҷо донам, ки он чи гуна расм аст.
– Набошад гўш намо, то ман ҳолатҳоро бароят шарҳу эзоҳ диҳам. Расме ки мебинӣ худат, аллакай чӣ будани онро фаҳмидаӣ. Ин харитаи сафари худат ва он мўйсафеди…, мўйсафеди…
– Мўйсафеди роғӣ,– илова намуд Тўйчӣ Ҷалол ва худаш ҳам нафаҳмид, ки ин суханро чӣ тавр ба забон овард.
– Гуфтам– ку ин нақшаи сафари худат ва он мўйсафеди роғист, ки шаби 12 ба 13 апрел аз роҳи мазкур ба тарафи шаҳр ҳаракат намудед. Маҳз ҳамон шаб ба ҷуз автомашинаи худат рақами давлатиаш 73–18 дар ин самт ягон намуди дигари нақлиёт гузаштагӣ нест. Худи ҳамон шаб чи хел, ки аз нақли галабон Қосими Асад хабардор шудем, дар байни километри навадупанҷум ва навадучоруми ҳамин шоҳроҳ Абдуллои Хокироҳ шаҳрванди ҷумҳурии ҳамсоя ба қатл расонда шудааст, ки ҷисми беҷонаш субҳи рўзи 26 апрел аз соҳили дарёи Сароб ёфт шудааст. Субҳи рўзи 13 апрели галабон Қосими Асад ҳангоми ҷустуҷўйи Абдуллоҳи Хокироҳ ана аз ҳамин пайраҳа ў нуқтаи дар расм гузоштаашро нишон дод ҷомаи хеш ва аз рўйи роҳ, ана ҳамин калиди пурхунро ёфтааст. Пеш аз ба экспертизаи тиббӣ фиристодани калид нақши ангуштони дар калид маҳфуз буда ба дактилокарта гирифта шуда, ба бойгонӣ фиристода шуданд, ҳарчанд нақши ангуштони дар калидбуда, дар бойгонии ЭКО ёфт нашудаанд, вале мо аминем онҳое ки дар калид нақши ангуштони хеш гузоштаанд, ёфт мешаванд.
Ман ҳайронам, ки чаро худи шумо ба расм нигоҳ карда, калидро дида, ҳатто ба ёд овардан нахостед, ки ин чӣ калид аст.
Толеи бади шумо ҳамин, ки дар калид рақами автомашинаатонро кандакорӣ намуда, онро дар ҷойи ҳодиса, яъне ҷойи куштори Абдуллои Хокироҳ фаромўш кардед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор