Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чунки аз рўйи он далелҳое, ки мо дар даст дорем, автомат дар дасти каси дигар буда наметавонад.
– Инро ҳамон милиса гуфт?
– Не инро ҳамон шахсе гуфт, ки бо шумо дар тарабхонаи «Бону» суҳбат дошт ва баъди он суҳбат шумо аз ў канораҷўйӣ намудед. Ва боз ба суроғатон рафта, бо ҳамсаратон хархаша намудаст…
«Маълум, ки аз ҳамаи ҳаракатҳои банда бохабар аст. Модоме ки бо чунин боварӣ сухан мегўяд, пас ҳама чизро медонад.
Аҷиб ки чаро дар гирду атрофи мавзўъ гирд гашта, ба сари мақсад намеояд. Охир, дар расм вай ҳатто арчаи яккаи лаби соҳили Саробро ҳам кашидааст –ку. Ҳамаи он чи ки ў мегўяд, ба фикрам аҳмияти муҳим надоранд. Автомат, ресторан. Чаро ў яку якбора ба ҳуҷум гузашта намегўяд, ки шаби 12 ба 13 апрел дар роҳ як бечораи мустамандро ба қатл расонидаед, чаро?»
– Ҳа, чаро ба даҳон об гирифтед? Ё гуфтаниед, ки дар тарабхонаи «Бону» ҳам набудед?
– Дар тарабхонаи «Бону» будам, вале он марди ба вохўрӣ омада бандаро тамоман ба кори дигар гунаҳкор кардан хост.
– Ба кадом кор?
– Гўё худатон намедонед.
– Аз куҷо донам, ки шуморо дар тарабхона ба кадом гуноҳ музтар карданӣ шуданд.
«Рафту ў дар ҳақиқат ҷўёи автомат бошад чӣ? Аз чунин нафаронаш ҳама чизро интизор шудан мумкин. Охир вай дўсти милисааш, албатта, инашро илтимос намуда бошад, ки бандаро ба ҷояш шинонад чӣ? Як соат боз ман дар ҳузураш, вале боре ҳам овозашро баланд накард. Чунон бо мулоимӣ гап мезанад, ки ҳатто мор аз лонааш берун меояд. Банда бошад, гумон доштам, ки ҳамаи милисаҳо мисли ҳамон сержантҳои дар бунгоҳҳои БДА нишастаанд. Сержанти рўйи роҳ худро тарзе муаррифӣ мекунад, ки гуё унвонаш аз полковник камтар нест, вале инҳоро бин бо пахта саратро мебуранду хабар намешавӣ.
Ҳамон сержантҳои рўйи роҳ ҳазор бор беҳтаранд, ки як дўғу пипўса карда, сарат медиҳанд. Эй кош ман даҳҳо бор ба дасти ҳамон нозирони роҳ меафтидаму як бор ба дасти чунинҳояш не.
Милиса не, мори афъӣ… Агар ба танат, неш занад дигар ҳеҷ позарҳ ҳам ёфт намешавад. Ё тавба. Худоё, маро аз дасти чунинҳояш раҳо соз, давои ҳамаи роҳбару роҳпояшро худам меёбам»…

пешина
аз 558
навбатӣ