Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ба назараш чунин намуд, ки касе гулўяшро фишор медиҳад.
Нафас гулўгираш кард ва дуюмбора инони ихтиёр аз даст дода овоз дод, ки агар ў лозим набошад, баромада равад.
– Монда шудед?– ниҳоят овоз дод соҳиби утоқ.
– Ман қариб ним соат дар ин ҷо нишастаму шумо бошед ба кори хеш овора.
– Ним соат не бародар, нав понздаҳ дақиқа шуд,– гуфт соҳиби утоқ.
– Хайр, понздаҳ дақиқа кам аст, модоме ки ҷеғ задед албатта ягон гапатон будагист.
– Ором шавед бародар, мо чил рўз боз роҳи шуморо интизор, вале доду валвала карда нагаштем– ку, шумо бошед барои понздаҳ дақиқа қиёматро ба по хезонданиед.
– Чӣ ман ягон гуноҳ дорам, ки чил рўз роҳамро нигоҳ кардед?
– Гуноҳатонро– ку намедонам, вале аз он чи ки аз мо канораҷўйӣ кардед, бегуноҳ ҳам нестед.
– Аз кадом гуноҳам бояд омада шуморо огоҳ мекардам?
– Аз ягон гуноҳ не, вале аз он кӣ шуморо омада шантаж намуданду муҳри хомўшӣ ба лаб гирифтед, хуб нест.
– Кӣ гуфт муҳри хомўшӣ ба лаб гирифтам. Ягон кас ҳам маро шантаж кардагӣ нест.
– Ин хел бошад нағз. Бори аввал мебинам, ки марде омада ба гуноҳаш икрор шавад, ки ман фалониро шантаж намудам, то ки ў яроқи милисаро баргардонад, вале худи фалонӣ маро бовар кунониданӣ мешавад, ки касе ўро шантаж накардааст.
– Ба гапи ҳар кӣ бовар накунед. Ҳастанд шахсоне, ки ҳодисаи беарзишеро рангу бор дода, худро ба чашми ҳамагон нишон доданӣ мешавад.
– Ба гапи оне, ки шуморо шантаж намудааст бовар накунему ба гапи худи шумо, ки акси ин ҳол аст бовар намоем?
Майлаш, ба шумо бовар кардем ба шарте, ки бигўед, ки автомати ҳамон милиса дар куҷост?
– Ман аз ягон милиса автомат гирифтагӣ нестам.
– Медонам.
– Модоме ки медониста бошед, пас чаро аз ман мепурсед, ки автомати милиса дар куҷост?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор