Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ронанда ва боз он мўйсафеди ҳамроҳаш будагӣ,– гуфт майори милиса Абдумаҷидов чашм аз рўйи мусоҳибаш наканда.
– Дурўғ, ҳамаш дурўғ аст. Онҳо худашон Абдуллоро ба қатл расониданд ва акнун гуноҳро ба гардани дигарон бор мекунанд?– гуфт бо ғазаб Қосими Асад.
– Ором шавед,– гўён Абдумаҷидов аз чойники дар рўйи мизи Давлатхўҷаи Маҳмад буда хост ба пиёла чой рехта, ба назди Қосими Асад гузорад, вале чойник холӣ буд. Соҳиби утоқ ин ҳолро дида, чойникро ба даст гирифта берун рафт.
– Наход шумо ба гапҳои ҳамон ронандаи фиребгар бовар кунед?
– Мо ба ҳама чиз бовар мекунем ва хулосаи аниқи хешро танҳо баъди таҳлили аниқ мебарорем.
– Акнун ман чӣ кор кунам, ки шумо бовар намоед?
– Ҳақиқати ҳолро гап занед. Гап занед, ки чаро ва ба кадом мақсад ҳамон шаб ба хаймаи Назрӣ Раҷаб рафтед? Чӣ шуморо маҷбур кард?
Қосими Асад фаҳмид, ки танҳо гуфтани ҳақиқат ўро аз ин варта берун меорад ва аз набудани Давлатхўҷаи Маҳмад истифода бурда гуфт, ки мехоҳад дар ин бора дар танҳоӣ бе иштироки дигар кас суҳбат намояд.
– Чӣ аз нозири минтақавӣ боварӣ надоред?
– Гап дар сари боварӣ доштан ё надоштани ман намеравад.
– Набошад гап дар бораи чист?
– Шумо ба фикрам медонед, ки дар куштори Абдуллои Хокироҳ ба ҷуз ронандаи «Камаз» ва он мўйсафед ба таври мустақиман дигар кас ҳам гунаҳкор аст.
– Бинобар ҳамин шумо аз ў канораҷўйӣ мекунед, – гуфт Абдумаҷидов ҳарчанд ба ин суханони хеш он қадар боварӣ ҳам надошт ва маҳз ҳамин ҳолат метавонист рафти суҳбатро ба фоидаи галабон ҳал намояд, хушбахтона ҳамааш тарзе ҳал шуд, ки ў мехост. – Аслан шумо метавонед, чун ман ба соҳиби утоқ ҳам бовар намоед. Ҳар он чи ки шумо ин ҷо мегўед нозири минтақавӣ ҳам чун ман барои нигоҳ доштани махфияти он ҷавобгар аст.
– Модоме ки Шумо кафолат медиҳед, ман розӣ.
– Ин гапи дигар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор