Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Тафтишот ҳолатҳоеро дар даст дорад, ки ба фоидаи шумо нестанд.
– Канӣ он далелҳо, нишон диҳед?
– Барои бо далелу рақамҳо шинос шуданатон лозим мешавад, ки шумо ҳамроҳи ман ба шаҳр равед.
– Агар ман рафтан нахоҳам чӣ?
– Дар он сурат дар асоси қонун шуморо маҷбурӣ мебаранд.
– Кӣ? Шумо?
– Лозим шавад ман ва ё ягон милисаи дигар.
– Охир ман гуноҳ надорам, чаро ба шаҳр мерафтам.
– Ба шаҳр барои исботи бегуноҳи хеш меравед. Ҳастанд дар он ҷо нафароне, ки шуморо бо онҳо бояд рў ба рў намоем.
– Бо кӣ маро бояд рў ба рў кунед?
– Гўё намедонед?
– Ба ростӣ чизеро намедонам.
– Чунки ҳақиқатро пинҳон мекунед.
– Шумо чи тавр мефаҳмед, ки ман ҳақиқатро гуфтам ё не?
– Мефаҳмам.
– Аз куҷо мефаҳмед?
– Аз рўйи таҳлили суханони шумо ва он нафароне, ки мо аллакай пурсидем.
– Киро пурсидед?
– Инашро шумо нағз медонед, ҳамаи онҳоеро пурсидем, ки бо шумо дар бораи куштор суҳбат доштанд.
«Бо кӣ суҳбат намуданамро ҳам медонистаанд– ку. Аз афташ, аллакай бо вай ронандаи «Камаз» ҳам суҳбат кардаанд, вагарна ин хел бо дили пур гап намезад. Ба ҳар ҳол як ўро санҷидан лозим, агар ронандаро пурсида бошад, чи гуфтанашро медонад» – аз дил гузаронд Қосими Асад ва пурсид:
– Чи тавр аз ман бе асос гумонбар шудаед, ки он шаб Абдуллои Хокироҳро вонахўрдам. Аз рўйи гуфти Назрӣ Раҷаб ҷасади мақтулро дар соҳили дарёи Сароб ёфтаанд. Охир, ман мошин надоштам, ки ўро кушта ба соҳили Сароб барам. Пас ман чи тавр ҷисми беҷони ўро то он ҷо бурдам?
– Дар автомашинаи «Камаз» рақами давлатиаш 73–18, ҳамин хел дар омади гап гуфт Абдумаҷидов.
– Кӣ гуфт ин гапро?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор