Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Ана, ҳамон солҳо Розиқ Амон қасам хўрда будааст, ки то ҷон дар рамақ дорад, қасди хоҳари хеш аз авлоди мо хоҳад гирифт. Чун он вақтҳо давлат бузург буду қонунҳояш сахт ў ба муроди дили хеш расида натавонист. Ба бахти бади оилаи мо, ки яку якбора баъди пош хўрдани он давлати абадқудрат Тоҷикистони азиз пойгоҳи гаштгузори бегонагон гашт.
Гулбарг лаҳзае хомўш шуда, ашки чашмонашро пок кард.
Сорбони Ҳомид дарк кард, ки ин ашк на барои шавҳар, балки ба хотири онҳоест, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ қурбони дасисабозиҳои нафароне чун Розиқ Амон гаштаанд. Хост мусоҳибашро ба давом додани саргузашти хеш ҳидоят намояд, вале ҳамоно аз райъаш гашт.
– Шумо худатон бояд нағз дар хотир дошта бошед, ки ҳамон солҳо қисме аз мардуми «Худогоҳу ватанхоҳ», вале дар асл хиёнаткору мансабталош ба мусаллаҳшавии яроқнок сар карданд. Дигар дар деҳаҳо на қолин монду на дег. Соҳилҳои руди Панҷ ба бозори яроқфурўшӣ мубадал гашт. Ана, ҳамон вақт мудири мағозаи деҳаи мо Розиқ Амон аз беҳокимиятӣ истифода бурда, шабона тамоми моли мағозаро ба соҳили дигари руди Панҷ гузаронида, чандин нафарони роҳгумзадаро мусаллаҳ намуда, созмони «Дифои Ватан» ро ташкил намуд. Ва худ ин созмонро сарвар гардид. Пеш аз ҳама ташвишу тарадуди оилаи мо сар шуд. Ба таври дигар гўем, ў ғазаби Исоро аз Мўсо гирифт.
– Чӣ хел?
– Бояд гўям, ки хоҳари ў Бунафшаро бародари калони ман надуздида буд, балки худаш аз қафои бародарам гурехта ба шаҳр рафт. Шояд дар ин ҷо ҳам гунаҳкори асоси падару модари духтар буданд, чунки мо аз рўйи таомули мусулмонӣ бо пешниҳоди бародарам Фотеҳ бо дастурхон ба хонаи онҳо рафта будем. Маҳз бо гуноҳи Розиқ, ки падару модарашро ба муқобили авлоди мо, ки хусумати дерина доштанд, шуронида буд, падараш рўйи рост падари маро таҳқир карда гуфта аст, ки ман ба авлоди шумо сагамро намедиҳам, на ин ки духтарамро… Шаби дигараш Бунафша аз хонаашон гурехта ба шаҳр рафтааст ва ниҳоят ў тану нафси хешро ба Фотеҳ бахшидааст…
Танҳо дар давоми як ҳафтаи қумандони деҳ будани Розиқ Амон падар ва ду бародари кучаки ман гум шуданд. Баъди як ҳафта мардум ҷисми беҷони онҳоро дар лаби руди Панҷ дар паси харсанги калоне бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё