Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

... 31 …

Сари субҳ Тўйчӣ Ҷалол баъди тановули субҳгоҳи ҳамсарро ҳушдор сохт, ки рафту агар ду – се рўз омада натавонад, хавотир нашавад.
– Чӣ хел омада наметавонӣ?
– Чӣ хел, ҳамин хел одӣ. О дирўз худат нагуфтӣ, ки меҳмонро ноумед гардонидан хуб нест.
– Гуфтам, хайр чи магар ин маънои онро дорад, ки ба хона набиёӣ?
– Ҳеҷ маъно надорад. Вале ҳамон марде, ки худат дирўз ба ҳимояаш хестӣ, сад ҳазор дона хиштро бояд ба мактаб барад.
Дар ин бора ман бо ў гуфтугў намудам ва ҳатто маблағи иҷрои корамро ҳам фаҳмонд. Аз ҳамин хотир, бояд илоҷе намуда он хиштҳоро то Ҳисори шодмон барам.
– Ҳисор гўӣ бас аст, боз шодмонаш чист?
– Ин сухани дўстдоштаи мардуми Ҳисор аз ҷумла устод Турсунзода аст.
– Модоме ки сухани устод Турсунзода бошад баҳс намекунам.
Акнун пурсиданам, ки оё нияти ба Деҳбаланд рафтан надорӣ.
– Ният дорам, барои ҳамин ҳам бояд то рўзи рафтан хиштҳоро ба мактаби Ҳисори шодмон бурда тамом намоям.
– Рафту кашонидани хиштро тамом кунӣ меравем?
– Меравем. Дар ҳарду ҳолат ҳам меравем.
– Агар касе омада туро пурсад, чӣ гўям?
– Кӣ меояд?
– Фарз намоем, ҳамон марде, ки даъфаи гузашта се – чор бор ба суроғатон омада буд.
– Ба дигарон росташро гўй, вале ба ҳамон марди шилқин метавонӣ гўйи, ки ба Бадахшон рафтааст.
– Не, ман наметавонам дурўғ гуфтан.
– Набошад ба ў ҳам росташро гўй, вале ба гумон аст, ки он кас биёяд.
– Чӣ аллакай ўро дидӣ?
– Ҳа, дидам,– бо дили нохоҳам гуфт шавҳар.
– Модоме ки ўро дида бошӣ ў намеояд?
– Намедонам, вале омаданаш ҳам мумкин.
– Кай бо ў вохўрдӣ? Аз чи бошад, ки акнун дилам гувоҳӣ медиҳад, ки мактуби дирўза аз ҳамон кас буд.

пешина
аз 558
навбатӣ