Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Маҳз бо кўшиши ҳамин шахс ў зинаҳоро бе ибо паси сар намуда, ба мақоми сардори милиса расид…
Ў ба курсии мулоим такя карда, бо дасти рост қафаси синаашро дошт… Хост каме ҳам бошад худро ором созад, вале ин ба гуфтан осон буд. Андешаҳои мухталиф дар майнааш давр мезаданд, мисли оне, ки пашшаҳои шилқин ба ширинӣ дармеафтанду пеш кардани онҳо ноимкон аст. «Дар давоми як моҳ ба касалии дил гирифтор шудам. Ба кадом хотир? Гапҳои ин падарлаънати Қосими Асад ҳам ҷон доранд, ба хотири кадом як дўстдори табиат шуда. Ман намедонам чаро баъзе аз ин калонҳо ин қадар ба пўсти ҷонварҳои ваҳшӣ чун занбўри асал ба гул часпиданд. Як нафарашон аз дигараш қафо мондани нест.
Модоме ки як рафиқаш пўсти хирс дорад, ў ҳам бояд дошта бошад. Мисли оне, ки ҳамаи саркардагони фашистӣ ба Гитлер монанд шудан мехостанду ба ҳаракатҳои ў тақлид мекарданд.
Магар ҳамаи инро ба галабон фаҳмонда мешавад. «Хар чӣ донад хурдани қанду набот, турбаи каҳ бошаду кунҷи работ».
Фарз кардем, ки галабон беақл аст, вале ба баъзе аз ин калонҳо чи бало расида бошад? Онҳо тавассути рўзномаю маҷаллаҳо ва оинаи нилгун баромад карда, мардумро ба муҳофизати табиат даъват мекунад ва ҳамаи хазандаю чарандаҳоро боигарии табиат арзёбӣ мекунанд, вале хўрокашон ба ҷуз гўшти кабку бузи кўҳӣ дигар чизе нест. Хонаҳояшонро бо пўсти хирсу паланг оро медиҳанд. Ба хонаи ҳамдигар рафта ҳамин чизро мебинанд ва аз куҷою чӣ тавр ба даст овардани он чизҳоро мепурсанд ва ба ҷойи шикорчиро ба ҷавобгарӣ кашидан, ўро барои содир кардани ҷинояти наве тақозо мекунанд, тела медиҳанд то аз ҳамкори хеш дар зиндагӣ қафо намонанд, яъне агар «хар аз харгала монад ёлу думаш мерезад» ва маҳз ҳамин мусобиқаи онҳо дар зиндагӣ боиси бадбахтии мо барин бандаҳои осӣ мегардад. Худо нигоҳ дораду корҳо ба хубӣ анҷом ёбанд, вагарна касе ба доди банда нахоҳад расид»…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор