Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Гўш мекунад. Ба ў фаҳмон, ки вазъи ман аз ў батар нест.
Гум кардани яроқ дигар асту одам куштан дигар ва модоме ки мо калидро бо изи дастони ў ва хуни мақтул чӣ буд номаш?
– Абдуллои Хокироҳ.
– Ҳа, Абдуллои Хокироҳ номаш дар гўр равад, дар даст дорем.
– Ба фикрам гуноҳи мо аз ў камтар нест.
– Ту ҳоло аз қонун бехабарӣ. Якум ин ки аз яроқи мо ягон касро накуштанд. Дуюм ин ки на ҳама ҷиноятҳо кушода мешаванд. Охир мақтул умуман дар дигар ноҳия ёфт шудааст, ки ин аслан ба манфиати худи мост. Агар он ронандаат ақлашро ба ҷояш гирад умрбод дар озодӣ мегардад, чунки ягон риштае дар зиндагӣ ўро бо мақтул пайваст намекунад. Ҳамчунин ў метавонад он далели шайъиро ба ивази автомат гирад. Модоме ки далели шайъӣ нест, дар пайроҳаи зиндагӣ боре бо мақтул рў ба рў наомадааст, бо мо ҳамкорӣ карданаш танҳо ба манфиати худи ўст, вагарна агар мо сирри ўро ошкор намоем, устухонҳояш дар зиндон пўсида мераванд. Аминам, ки дар бораи автомат дигар ягон кас хабар надорад.
– Не.
– Вай Назрӣ Раҷаб чӣ? Аз ягон чиз гумонбар нест? Оё ягон бор Абдуллои Хокироҳро дигар напурсид?
– Чаро мепурсидааст? Чӣ магар ў бачаи холааш ҳаст, ки дар суроғаш гардад?
– Ба ҳар ҳол ҳамаи ҳамин ҳолатҳое, ки мо аҳамият намедиҳем, дар рўзи сахт метавонанд ба муқобили худи мо гарданд.
– Дар ин бора метавонед осуда бошед.
– Ягон илоҷи корро ёфтан лозим. Рости гап акнун ман ба худат боварӣ бештар дорам.
– Чи пештар боварӣ надоштед?
– Не, чаро пештар ҳам боварӣ доштам, вале имрўз дар аввали суҳбат ба ин боварӣ бештар ҳосил намудам. Боварӣ дорам, ки модоме ту маро тарсонда тавонистӣ ронандаро ҳам дар ҷояш мешинонӣ.
– Чӣ хел шуморо тарсондам, ин хел нагўед. Дар бораи ронанда ҳаминро гуфтаниам, ки агар лозим шавад ў ҳардуи моро метарсонад. Дар ин ҷо ман ягон муболиға намекунам. Фақат дар хотир доред, ки агар ў гуноҳ медошт мисли (чи хеле ки гуфтед) шумо метарсид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор