Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Не, не, шиори ин қабил одамон бори дигар задани марди афтида нест. Баръакс, онҳо то ҷон дар рамақ доранд дасти афтидаро хоҳанд гирифт, новобаста аз он ки ў дўсташон ҳаст ва ё душманашон маро Худо аз дўстонам ҳифз намояд, илоҷи душманонамро худам меёбам. Ман аз ҳама беш аз дўстони хушомадгўям метарсам.
– Ман бошам гумон доштам, ки ҳама аз худат метарсанд, ҳурмат мекунанд…
– Ҳоло ки сари вазифааам, ҳамааш ҳамин хел аст ва чун аз вазифа дур шавам Худо медонад чӣ мешавад. Дар замони ҳозира бошад ба сари қудрат омадан осон нест, худат бошӣ барои кадом як пўсти аз тан бурун наафкандаи хирс бандаро порадеҳ гуфтӣ. Бовар кун, замона ҳамин хел шудааст, ки касе бе пора саломатро алек намегирад. Чи гузаштагони мо магар беақл буданд, ки мегуфтанд: – «пора санги хороро об кардааст».
– Ҳамааш айби худи шумост.
– Чӣ хел айби ман?
– Фаромўш кардӣ? Худи ман пештар се хирсро кушта пўстҳояшонро бароят оварда додам.
– Онҳоро ту барои ман не, балки барои халосии ҷони хеш овардӣ. Даҳ аспи галаро обу лой кардию ман онҳоро рўйпўш намудам. Чӣ гумон кардӣ, ки ин кор осон буд. Худат бошӣ овозаи ҳамон се хирси ҳаромро то қофу қайсар бароварданиӣ.
– Барои дастгириатон ман як умр минатдорам, вале агар ҳамон пўсти хирси зормонда сабаб намешуд, имрўз ҳарду ҷанҷол ҳам намекардем.
– Туҳфа ё пора, ҳар чи дилатон хоҳад ҳамон хел ҳисобед, чун як бор додед, боз доданаш лозим мешавад ва боварӣ дорам ки ин охири кор нест.
– Ба шарте ки яроқро ёфта супорем.
– Албатта.
– Барои ҳамин боз як маротиба ба назди он ронанда Тўйчӣ Ҷалол рафтанат лозим.
– Худатон мерафтед, беҳтар мешуд.
– Гуфтам –ку ман рафта наметавонам ва ин корро ба зиммаи дигар кас ҳам ҳавола карда наметавонам, чунки мо ҳар ду корро ҷигил андохтаем, бояд худамон сару калобаамонро ёбем.
– Ба гумон аст, ки ў маро гўш кунад.

пешина
аз 558
навбатӣ