Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

... 30 …
Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ.
– Яроқро гирифтӣ?
– Не, нашуд.
– Амонатро ҳамин хел нигоҳ кардӣ, падарлаънат!
– Илтимос, дашном надиҳед.
– Ой падарлаънат гуноҳ, ки кардӣ, ақаллан мард шуда гуноҳатро ба гардан гир.
– Якум, ки падарлаънат худат, дуюм ман назди худат барои яроқ наомада будам, балки худат онро ба хонаи мо овардӣ, то ки ба хоҷаҳоят пўсти Хирс туҳфа намоӣ.
– Лаънатӣ ту ба падари ман кордор нашав!– аз гиребони мусоҳибаш дошта гуфт Самандари Сармад.
– Нагў падари пирамро то нагўям падари миратро.
– Забонат дароз шудааст, афсўс ман дар вақташ онро набуридам.
– Дар вақташ ин корро накардӣ, ҳоло дигар аз дастат чи меояд? Поят дар лаби ҷар, агар як бори дигар суханат ноҷо барояд, ман чӣ кор карданамро медонам. Фаромўш накун, ки дигар ман аз ту наметарсам. Он вақте ки метарсидам замона дигар буд.
– Ҳоло чӣ?
– Гўё ки намедонӣ.
– Аз куҷо донам гап зан охир.
– Гуфтам –ку ҳоло худат лаби ҷар истодаӣ ва агар ман овоза намоям, ки автомати идоравиро гум кардаӣ дигар ҳама он туҳфаҳои додаат, ки дар асл онро пора мегўянд, курсии мансабатро ҳифз нахоҳанд кард.
– Шантаж ҳам мекунӣ– ҳа?
– Агар лозим шавад.
– Лозим нашавад чӣ?
– Дар он сурат ман ҳам ақл дорам.
– Бубахш, ки каме тез шудам.
– Ман аз он фардҳои ба дил мегирифтагӣ не.
– Хайр гап зан чӣ гуфт он лаънатӣ?
– Чӣ ҳам мегуфт? Гуфт ки он дўстат милиса не, санги сари қабр ҳам не, балки санги рўйи роҳ будааст ва ҳар чи тезтар ўро аз вазифа сабукдўш намоянд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд, олам гулистон мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор