Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он чӣ, ки Усмон Саломович гуфт, дар ягон чорчўбаи қонун рост намегирифт. Маълум шуд, ки Фарҳод Азамат бо дастааш баҳри баланд бардоштани дараҷаи кушодашавии ҷиноятҳои ноайён дар вазъияти тантанавӣ рўзи мавлуди Ҷангиевро қайд намудаанд. Ба ҳамин хотир Ҷангиев ва Сой боз се ҷинояти содир накардаро, ки дар китоби қайди ҷиноятҳои ШКД дар моҳи апрел ба қайд гирифта шуда буданд, ба зиммаи хеш гирифтанд. Умуман, хизматҳои Ҷангиев ва Сойро ба инобат гирифта, бо амри муовини сардори ШКД подполковники милиса Фарҳод Азамат дар ИВС барои ҳарду фирорӣ шароити мусоиди «фароғату маишат» фароҳам оварда шуда будааст.
Ҷангиев ва Сой аз ҳамин шароити муносиб истифода бурда, шаби 5–май аз бинои ИВС фирор намудаанд. Хайрият дар давоми шаш рўзи дар озодӣ будан, онҳо аз тапончаи Ғаниев истифода набурданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Фарҳоди Азамат бо дастааш боз гуноҳи хешро ба гардани Воҳид Камол бор карданӣ шуданд, ки дар рафти санҷиш далелҳо тасдиқ нашуданд. Дар асоси фармони вазири корҳои дохилӣ ки онро Усмон Саломович ифтитоҳ намуд Фарҳод Азамат, Аҳрор Бобоев, Самад Рамазонов, Додихудо Замиров, Рўзӣ Ғаниев ва Содиқ Ғуломов барои шаъни милисаро паст намудан аз кор озод карда шуданд. Номбурдагон шаҳодатномаи хизматии хешро супорида, толори маҷлисгоҳро тарк намуданд…
Пас аз рафтани Фарҳод Азамат ва шариконаш фазои толори маҷлисгоҳро чунон хомўшӣ фаро гирифт, ки ҳатто пар задании пашша баръало ба гўш мерасид. Усмон Саломович боз риштаи суханро ба даст гирифта, аҳли нишастро баҳри дар атрофи сардори милиса Воҳид Камол муттаҳид шудан даъват намуд.
Вақте ки мардум толори маҷлигоҳро тарк карданд, дар осмон аввалин ситораҳо чашмак мезаданд.
Абдумаҷидов низ аз идора баромада, ба тарафи истгоҳ роҳ пеш гирифт…

пешина
аз 558
навбатӣ