Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ў борҳо аз забони волидайн ва пирони рўзгордида шунида буд, ки «ҳангоми сухтор буттае месўзад, ки оташ гирифтааст»
ва имрўз ҳангоми сўҳбат дар прокуратура бо Дунёи Хокироҳ аз чеҳраи мусоҳибаш ҳамин чизро дарк намуд. Дарду алами ин зани миёнсолро ки аз талхию ширинии рўзгор бохабар буд, ҳаду канор набуд. Агар дурии роҳ ва тангии рўзгор намешуд, шояд дар чунин лаҳза пурсиши Дунёи Хокироҳ, ки ҳамагӣ ним соат пеш ҷисми беҷони бародарро дар мурдахона дида буд, лозим ҳам набуд…
Кулли мардуми сайёра бар он ақидаанд, ки нисбат ба шахси олами фониро таркнамуда сухани нек гуфтан хуб аст, вагарана хомўши ҳазор бор алвост.
Шояд Дунёи Хокироҳ низ аз ҳамин таомули нонавиштаи мардуми дунё бохабар буд, ки танҳо дар бораи хислатҳои неки бародар ҳарф зад…
Ҳанўз вақти дар мактаби миёна хондан баъзан ёру дўстон ва ҳамдеҳагон аз қиблагоҳаш мепурсиданд, ки писараш Акбарро дар кадом мақом дидан мехоҳад?
Падар, ки сари хеш дар милиса сафед карда буд ва аз баду неки замона пурра огоҳ буд, ҳамеша як ҷавоб медод: – Ман орзу мекунам, ки фарзандам ба маънои томаш Инсон шавад.
– Ин ҷавоб нест,– мегуфтанд баъзеҳо ва аслан худи Акбар ҳам дар ҳамин ақида буд. Ў ҳатто боре бо падараш дар ин бора баҳс намуда гуфт, ки ҳама халоиқи дунё инсонанд. Падар гуфт, ки ҳоло хурдию аз дунё бехабар, фаҳмишат чунин аст ва чун ба микру фиреби замона огоҳ гардӣ, ақидаи хеш дигар хоҳӣ кард.
– Не, ман ақидаамро ҳаргиз дигар намекунам,– худситоӣ намуд ў.
– Зинда бошем мебинем, гуфт падар.
Чанд сол пештар ў боре ҳангоми суҳбати бо падар ҳамон лаҳзаи баҳсашро ба хотир оварда, бахшиш пурсид.
– Мусулмон будан ин танҳо ними роҳ аст ва на ҳар як мусулмон ба маънои томаш инсон аст. Бубин, баъзеҳо дар ниқоби мусулмонӣ ва дини мубини Ислом ба кадом корҳое даст мезананд. Магар ҳодисаҳои террористӣ, ки дунёро ба ларза овардаанд, кори дасти баъзе аз мусулмонон нест ва оё месазад, ки онҳоро инсон гўем? – гуфт падар.
…
– Чаро хомўшӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор