Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

– Афсўс, ки маро нафаҳмидӣ? Акнун раву андеша намо…
Қосим хост гўяд, ки оқибат худат давида автоматро меорӣ, вале боз худдорӣ кард…
Ў аз чойники чояш кайҳо хунукшуда чой рехта нўшид ва аз ҷой бархеста, пеш аз ронанда аз дари тарабхона баромад.
Тамоми роҳ то пеши автомашина ронанда Тўйчӣ Ҷалол сари суҳбати лаҳзае пеш бо вакили милиса доштааш андеша намуд. Ў ҳеҷ бовар кардан намехост, ки наход милиса яроқашро ба кадом як галабоне диҳад. Умуман, он чи ки ў аз ин суҳбат фаҳмид ному насаби роҳзан буд… Дар суханони мусоҳибаш калимаи дурўғ ҳам набуд. Ба ёд овард, ки ду рўз баъди воқеа, калиди 32 ба 36 даркораш шуду онро наёфт. Маълум мешавад, ки мо дар ҷойи ҷиноят калидро чун далели шайъӣ фаромўш намудаем. Акнун ҳар кор шуданаш мумкин. Рафту мўйсафедро ёбанд чӣ. Ба гумон аст, ки ў истодагарӣ карда тавонад. Бо ҳамин фикру хаёл ў ба автомашина нишаста муҳаррикро ба кор даровард…
... 29 …
Ҳазорсола роҳ аст аз ту то мусулмонӣ,
Ҳазор соли дигар то ба ҳади инсонӣ.
Аз прокуратура Абдумаҷидов бо дили ҳазин баромад. Аз суҳбати дусоата бо Дунёи Хокироҳ аслан ягон гиреҳе, ки дар кушодани ин муаммои сарбаста асос гузорад, ба даст наомад.
Ҳарчанд Абдумаҷидов дар он ақида буд, ки Абдуллои Хокироҳ фаришта нест, вале дар вақти суҳбат ба ҷуз ба чанд суоли конкретӣ, ки онҳо ҳам беҷавоб монданд, дигар чизе напурсид.
Муфаттиши прокуратура Сиддиқов аз Абдумаҷидов умуман дигар чизро интизор буд, вале ҳамааш ғайричашмдошти ў шуд.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ чун ба ду – се суоли конкретии хеш ҷавоб нагирифт, то охири суҳбат дигар забон накушод.
Тайи кори чандинсола дар милиса ў бо ҳодисаҳои гуногун рў ба рў шуда, баҳри кушодани ҷиноятҳо бо шахсиятҳои гуногуни ҷамъият сару кор дошт ва боре ҳам дар кор бо касе муросо накарда буд. Имрўз бошад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор