Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба назди шумо омада истода, ман ҳам он қадар гулу гумроҳ нестам, ки ҳолатҳои корро насанҷида, шуморо туҳмат намоям.
– Хуб кадом тарафи корро санҷидед, ки бандаро дар чунин ҷинояти мудҳиш гумонбар шудед.
– Иқболи пасти шумо дар он аст, ки шаби 12 ба 13 апрел аз соати 2030 дақиқа то соати 0715 дақиқа то он вақте, ки банда калиди дар рўйи роҳ хобидаро ёфтам, ягон автомашина аз ҳамон роҳ гузаштагӣ набуд.
– Модоме ки чунин мешуморед, пас чаро ба милитсия хабар надодед?
– Хабар медодам, агар…
– Гап занед.
– Агар ҳамон автомати бо худ бурдаашро меёфтам.
– Чӣ вай автомат ҳам дошт.
– Бале, вале шумо гумон накунед, ки ман автоматро ба ў додам.
– Ман ҳеҷ гумон накардаам.
– Ҳаминаш беҳтар.
– Пас бигўед чӣ тавр автомате, ки шумо аз будаш огоҳӣ доштед, ба дасти дўстатон чӣ буд номаш?
– Абдуллои Хокироҳ.
– Ҳа, Абдуллои Хокироҳ афтидааст?
– Мумкин як пиёла чой гирам?
– Марҳамат,– гўён аз чойники кайҳо ба гўшаи фаромўшӣ додашуда Тўйчӣ Ҷалол чой рехта назди Қосим гузошт.
– Морбозро оқибат мор ва оббозро об мекушад гуфтани мардум беҳуда набудааст,– як қулт чой нўшида гуфт Қосим.
Банда ҳам нисфи умри бобаракати хешро аз паси гала ва шикор гузаронидам. Не, ман аслан аз пушти шикор нон нахурдаам, ҳамин хел ин як шуғли дўстдоштаи ман шуда мондагӣ. Аз ҳисоби шикор дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ ёру дўстони зиёде пайдо намудам. Шояд дуои ҷонварони безабон, ки ҳадафи тири банда гаштаанд, мустаҷоб шуду ман ба чунин рўз афтидаам. Шояд гумон намоед, ки банда баҳри шантажи шумо омадаам. Метавонед ин фикрро умуман аз саратон дур намоед. Аҳволи ман ҳам ва боз аҳволи нафаре, ки ў корманди милиса аст, аз шумо беҳтар нест. Ба ман ҳам метавонед раҳм накунед вале аз шумо хоҳиш мекунам, ки ақаллан фикри нафареро намоед, ки тайи бистушаш сол дар милиса бенуқсон кор кардааст.

пешина
аз 558
навбатӣ