Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Кадом Абдуллои Хокироҳ?
– Ҳамоне ки шаби 12 ба 13 апрел дар байни километри 94– 95–уми шоҳроҳи Душанбе ағбаи Харгўшӣ ба қатл расонидед.
Тўйчии Ҷалол лаҳзае лол монд. Ў ҳеҷ гумон надошт, ки мусоҳибаш то ба ин дараҷа аз рафти воқеаҳо огоҳ аст. Модоме, ки ў саҳни километри наваду чорум ва наваду панҷумро гуфт, албатта, ягон далели дигар ҳам доштагист. Ба ҳар ҳол ў худро ба даст гирифта гуфт:
– Шояд дар ин ҷо иштибоҳе шудааст.
– Иштибоҳ шуданаш мумкин нест.
– Охир гуфтам– ку ман аз марги хеш хабар дорам, вале аз марги дўсти шумо, номаш чӣ буд?
– Абдуллои Хокироҳ.
– Ҳа, Абдуллои Хокироҳ хабар не.
– Шояд ягон нишонаи дигари дар он ҷо буданатонро талаб намоед.
– Агар дошта бошед?
– Дорам, вале онро бо худ наовардам, аслан он калиди 32 ба 36 буда, дар он ба ҷуз рақами автомашинаи шумо, ки бо мех кандакорӣ шудааст, инчунин доғи хун ва боз нақши ангуштонатон низ ҳаст.
– Дар роҳ мешаванд ҳолатҳое, ки ронандагон баъзан ба ҳамдигар калид ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ медиҳанд. Шояд ҳодисаи мазкур низ ҳамин хел шуда бошад?
– Ин ҷо ягон намуди дигари кор шуданаш мумкин нест ва дар калид бо итминони комил гуфта метавонам, ки ба ҷуз нақши ангуштони дасти шумо дигар касе даст расондагӣ нест.
– Аз куҷо гирфтед, ки дар калид нақши ангуштони ман боқӣ монда ва ё онро аз экспертиза гузаронидед?
– Аз экспертиза нагузаронидам, чунки барои чунин амалро иҷро намудан, қарори махсуси муфаттиш лозим аст, вале барои ҳамин чизи одиро фаҳмидан ба фикрам Эйнштейн будан лозим нест. Модоме, ки дар калид рақами автомашинаи шумо дарҷ шудааст, ба ҷуз худатон боз кӣ метавонист аз он истифода барад.
– Ман аллакай фикри хешро гуфтам, охир дар роҳ ба ронандагон лозим меояд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ мададгору дастгири якдигар шаванд.

пешина
аз 558
навбатӣ