Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Амри даҳонӣ?
– Барои худатон чи фарқ дорад, ки амр даҳонӣ аст ва ё хаттӣ.
– Фарқаш аз замин то осмон. Сараввал ин ки панҷоҳ фоизи ҳайати шахсӣ аз рўйи реҷаи пурзўр бояд дар дидбонгоҳҳои БДА ва ҳамин миқдораш бояд дар идора хизмати шабонарўзӣ намоянд. Магар дар чунин вазъият ман ҳуқуқ дорам, ки худсарона ҷойи хизмати хешро тарк намуда, ба дигар ноҳия равам?
– Чаро худсарона будааст? – бо амри сардор аз пайи иҷрои супориш меравед.
– Наврўз Умарич, худатон нағз медонед, ки сардори раёсат қисме аз ҳуқуқҳои сардорони ШКД–ро аз худ кардааст.
– Замона ҳамин хел шудагӣ. Ҳарки сари мансаб омад мехоҳад ҳуқуқи хеш нишон диҳад, бехабар аз он ки бо ин амал ҳуқуқи зердастонро поймол мекунад. Дар вазъи имрўза бошад метавонед осуда бошед, чунки Воҳид Камол ин тарафи масъаларо пурра ба дўши хеш гирифтанд.
– Чӣ илоҷ модоме худи Воҳид Камол…
– Акнун метавонед ба муддати панҷ шабонарўз рухсатии хизматӣ гиред, худи ҳозир ба гумон аст, ки маблағи рафту омаданатонро аз ин ҳисоб гирифта тавонед, вале дунё ба умед гуфтанд.
– Воҳид Камол имрўз як гап гуфт.
– Хуш, шунавем.
– Рости гап сараввал ман барои ба сафари хизматӣ бе ягон далелу рақам баромаданатон норозигии хешро баён намудам, вале сардори ШКД гуфт, ки шахсе бе ягон факту рақам ҳангоми санҷиши парвандаи ҷиноӣ хоини Ватанро муайян намудааст, кушодани чунин ҷиноят барояш мушкилие надорад, чунки ў худ баҳри ёфтани нуги гиреҳ талош ва заҳмати зиёде ба харҷ хоҳад дод. Пурсиданӣ будам, ки дар суханони Воҳид Камол то кадом андоза ҳақиқат аст?
Суханронии Наврўз Умар майори милиса Абдумаҷидовро маҷбур сохт, ки каме ҳам бошад, ба пайроҳаи на чандон дури хеш назар афканад.
… Чанд сол пеш ҳангоми санҷиши парвандаи ҷиноӣ оид ба куштори Латифи Мардон, ки дар қабристони шаҳрӣ рух дода буд, ў ҳамроҳи муфаттиши прокуратура Сабоҳат Сафарзода бо тазодҳои гўшношуниди зиндагӣ рў ба рў шуд. Дар интиҳои кор на ў ва на Сафарзода ба гўшаи хотир ҳам наоварданд, ки анҷоми кор чӣ мешавад, вале рафти тафтишот онҳоро бо пайроҳае бурд, ки қотил роҳи гурез наёфта, чун хоини ватан бо тамоми далелҳои раднашаванда ба даст афтид…

пешина
аз 558
навбатӣ