Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Рафту агар Дунё наояд, вале ин хел шуданаш ҳеҷ мумкин нест, ҷустуҷўйро баъди суҳбат бо сокини ноҳияи Дарбанд Амонуллои Султон оғоз мекунам.
Ҳамин хел аз ноҳияи Дарбанд бо пайроҳаи Амонулло ва Дунё, ки ҳар ду ба ҷустуҷўйи Абдулло баромада буданд, мебароям.
– Ҳамин пайроҳа худатро то пояи оромгоҳи Бурхи Сармасти Валӣ хоҳад бурд.
– Насиб.
– Чӣ хел насиб, о ҳамин пайроҳа ҳатман ба ҳамон тараф мебарад.
– Пайроҳа– ку ба ҳамон тараф мебарад, вале на дар ҳама ҳолат ба шахс муяссар мегардад, ки оромгоҳи дўсти Худоро зиёрат намояд.
– Нияти нек ними давлат.
– Гапатон ҷон дорад. Банда ҳам як умр орзуи зиёрати оромгоҳи Бурхи Сармасти Валиро доштам ва агар ин даъфа ҳамин кор даст диҳад чӣ хубе.
– Нуран ало нур мешавад. Охир ҳар шахсе, ки ёди хонаи Худо мекунад, бояд аввал ба зиёрати Бурхи Сармасти Валӣ равад.
– Кўҳистон бо пиронаш бузург аст. Бурхи Сармасти Валӣ бошад дурдонаи кўҳистон аст, ки зиёрати оромгоҳаш баҳри кулли мардум мисли зиёрати Макатулло аз рўйи имконият фарз аст.
– Оё рост аст, ки Бурхи Сармасти Валӣ таърихи зиёда аз се ҳазорсола дорад.
– Рост аст, чунки Бурхи Сармасти Валӣ яке аз уматони ҳазрати Мўсост ва Оллоҳ таолло ўро дўсти хеш хонда, барои ҳурматаш дўзахеро кам намудааст.
– Акнун худатон рафиқ майор имконияти пурра доред, ки аз ҳисоби кор оромгоҳи дўсти Оллоҳ таолоро зиёрат намоед.
– Насиб.
– Ҳеҷ аз ҳамин гапатон намондед, охир чаро намегўед, ки ҳатман меравам.
– Чунки пешомади корро ба ҷуз Офаридгор касе намедонад.
– Инаш рост.
– Ҳақиқати зиндагӣ ҳамин аст.
– Кўшиш намоед, ки имрўз ё фардо ба роҳ бароед!
– Ин ба гуфтан осон.
– Ин амри худи сардор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор