Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Фирдавси Ҳаким боз ба ошёнаи якум фаромада вориди дафтари кориаш шуд. Як ҳафтаи зимистон ҳам рафта бошад, то ҳанўз системаи гармдиҳии умумӣ ба кор шурўъ накарда буд ва аслан утоқи кории муфаттиш зиндонро мемонд. Ў худ баръало нафаси хешро ки ба ҳавои хунуки дафтари кориаш омехта шуд дид, вале дигар илоҷе набуд. Ниҳоят папкаи чармини дар дасташ бударо болои миз гузошта сари мизи корӣ нишаст…
Ба паҳну парешон намудани қоғазҳои дохили ҷузвдони чармин ҳоҷат ҳам набуд, чунки воқеаи дишабаро ў қариб, ки аз ёд медонист. Ҳарчанд дишаб ў ва аъзоёни гурўҳи фаврӣ – тафтишотӣ дар ин бора майна об намуданд, натиҷаи дилхоҳе ба даст наомад. Фирдавси Ҳаким дар дафтари корӣ, ки дар хунукӣ аз зиндон монданӣ надошт нишаста бори дигар воқеаи шаби гузашта дар кўчаи Хуросон рухдодаро чун лентаи кино пеши назар овард…
Соати 1900 мудири «Мағозаи молҳои омехта», ки дар тарафи муқобили биноӣ 25/4 воқеъ аст, аз фурўшгоҳ берун шудааст.
Дар ҳамон лаҳза чашми ў ба автомашинаи Жигули рангаш кабуд, ки тайи зиёда аз ду соат дар он манзил будааст бархўрдааст. Дар паҳлуи рости дари қафои автомашина марди қадбаланде аз рўйи нишондоди Екатерина Андреевна тахминан 173– 176 см қад дошта, ки дар тан нимтанаи чармини сурх ва кулоҳи ҳамранги он доштааст рост истода ба тарафи хонаи 25/4 наззора доштааст. Чун Самохина нигоҳашро ба ҳамон тараф дўхтааст дар рушноии чароғи барқи суроби ду нафареро дидааст, ки паҳлуи ҳам дар зери як чатр аз паҳлуи ҳамон бино гузашта рафтанд. То ба куҷо рафтанд маълум нест. Дар ҳамон самт бошад он қадар бино ҳаст, ки ҳисобаш гум. Хонаи 25/4 –ро метавон бар он ҳамаи биноҳои дигар чун дарвоза ҳисобид. Рафту агар он ду нафар сокини он маҳалла набошанд чӣ. Аслан ёфтани он ду нафар дар чунин як маҳали сераҳолӣ ин баробари кофтани сўзан дар байни тўдаи коҳ аст. Муфаттиш каме аз он осуда шуд, ки дишаб ҳамин самти корро ба Сорбони Ҳомид вобаста намуд. Сорбони Ҳомид бошад дар чунин корҳо таҷрибаи зиёде дорад…
Муфаттиш боз давоми ҳодисаҳоро пеши назар овард. Чун Самохина нигоҳашро аз он дуриҳои дур то ба наздик овардааст, ки автомашинаи «Жигули» аллакай ҷойи лангарпартофтаашро тарк намуда будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё