Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Намедонам, чунки то имрўз мо сари ин масъала кур– курона кор кардем.
– Чӣ хел кўр – кўрона?
– Чунки шахсияти мақтул муайян набуд ва ҳамаи корҳои анҷомдодаи мо баҳри муайян кардани шахсияти мақтул буд.
Дар ин ҷода танҳо хизмати собиқ корманди милиса Юсуф Норро ёдовар шудан мумкин аст. Чи хеле ки Ҷамол Солеҳ қайд кард, Карими Лоиқ, ки бо тахаллуси «Ҷарроҳ» машҳур аст, «дўсти» деринаи Юсуф Нор будааст ва сабабгори асосии муайян кардани шахсияти мақтул гардидааст.
– Ҷарроҳ ин ҳамон мутахассиси ҳодисаҳои нохуш ба воситаи ҷараёни барқ бошад?
– Намедонам.
– Ҳа-ҳа ин ҳамон кас.
– Шумо бо он кас шиносед?
– Шинос– ку не, вале ҳангоми дифои рисолаи номзадӣ ба ҷуз мутоилаи парвандаҳои ҷиноӣ маро лозим омад, ки фикру ақидаи табақаҳои гуногуни аҳолиро оид ба ҳолатҳои ҷиноят ва ҷинояткорӣ ба инобат гирам. Маҳз чи тавр зане баҳри ишқи ҷавони дигар шуда, шавҳари солхўрда, вале дорои хешро бо дасти ҳамин Ҷарроҳ ба дорулбақо роҳхат дода буд, дар ёдам мондааст.
– Аз ин бармеояд, ки дар муайян намудани шахсияти мақтул олами ҷиноӣ низ саҳм гузоштааст.
– Модоме ки Ҷарроҳ дар ин кор даст доштааст, пас дигар хел шуданаш ҳам мушкил, акнун гўед ки ман аз РКД шаҳр ёрӣ талаб намоям.
– Сараввал мо бояд худамон аз тамоми имкониятҳо истифода барем…
– Чун худамон муроде ҳосил накардем, пас ман аз раёсат ёрӣ талабам? Оё беҳтар нест, ки худи ҳамин парвандаи ҷустуҷўиро ба ихтиёри кормандони раёсат фиристем?
– Гуфтаниед, ки парвандаи ҷустуҷўйи куштори Абдуллои Хокироҳ оянда надорад ва бигузор дар раёсат онро бинанд, яъне хоҳ тир шиканад хоҳ ҷувоз.
– Маро дуруст фаҳмидед.
– Банда ба фикри шумо розӣ шуда наметавонам, камбудиҳои хешро мо худ бояд бартараф намоем ва ҳеҷ гоҳ дастнигари дигарон нашавем.

пешина
аз 558
навбатӣ